НИГОҲДОРИВУ АЗНАВСОЗИИ 38 ПУЛ - ҶУЗЪЕ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ПУРМАҲСУЛИ «IRS»

Дарозии роҳи Душанбе- Чанок 358 километрро ташкил дода,ин масир он аз 3 нақб («Майхӯра» - 897 метр, «Истиқлол» - 4998 метр, «Шаҳристон» -5253 метр), 24 галерея, ҳамчунин 38 кӯпрук иборат аст. Дар баробари дигар корҳо, нигоҳдории 38 пули зикргардида ҷузъе аз фаъолияти пурмаҳсули «IRS» маҳсуб шуда, тадбирандешӣ дар ин бобат доимӣ аст. Рӯзҳо охир кормандони филиали Ширкат ба таъмиру таҷдиди ин пулҳо машғул шуда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то ҳаракати муназзаму бехатари автомобилҳо аз тариқи онҳо доимо таъмин бошад.
Чун дигар ҷанбаҳо маъулиятшиносии роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт боис гардидааст, ки ҳолати пулҳо хеле хуб бошад. Далели барҷастаи ин гуфта азнавсозии пули воқеъ дар километри 267 - уми роҳи мошингарди Душанбе - Чанок, ки соли 1962 сохта шуда, поя ва сутунҳои марказии он корношоям гашта буд, маҳсуб мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки қабл аз ин “IRS” ду купруки азими дигарро дар минтақаи Зарафшон бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ пурра азнавсозӣ карда буд.