МУФИД БУДАНИ ДЕВОРҲОИ ҲИМОЯВИИ "IRS" БОРИ ДИГАР СОБИТ ГАРДИД

 

Дирӯз 13 апрели соли 2025  дар километри 112 -уми роҳи Душанбе - Чаноқ идораи автомобили боркаши тамаи «Шакман», раками давлатиаш 274 ХТ 01 бинобар нуқсони техникӣ ғайриимкон гардид. Маҳз мавҷудияти деворҳои ҳимоявӣ (парапетҳо) боис гардиданд, ки ба дарё афтидани воситаи нақлиёт пешгирӣ гардида, ронанда эмин монад. Деворҳои ҳимоявӣ, ки бо ибтикори филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар шоҳроҳи Душанбе – Чанок бунёд шуда, дарозиашон айни замон ба зиёда 16000 метр расидааст, аллакай нафарони зиёдеро аз марг раҳонид. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе — Чаноқ аз рӯи лоиҳа деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) вуҷуд надоштанд ва аз ин лиҳоз сохта нашуд. «IRS» бо ташаббуси худ, баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон чунин деворҳоро бунёд кард, ки деворҳо идомаи мантиқии фаъолияти бунёдкоронаи “IRS” мебошад. Маҳз мавҷудияти деворҳои ҳимоявии зикршуда боис гардид, ки ба коми дарё рафтани автомобилҳо ва ҳалок шудани ронандагону мусофирон пешгирӣ гардад. Ҳодисае, ки зикр шуд ягона набуда, дар давоми фаъолият даҳҳо ҳолати ба чунин деворҳо бархӯрдани воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Ба ибораи дигар, ба шарофати деворҳои ҳимоявии Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба коми дарё рафтани 17 автомобил ва ҳалок шудани зиёда аз 49 нафар пешгирӣ карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳар як парапет зиёда аз 2,5 тонна вазн дошта, дар ҳолати бархӯрди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автомобилҳои гаронвазн устувор мемонад. Бо назардошти муҳимият роҳбарияти филиали Ширкат ин масъаларо мадди назар қарор дода, гузоштану бунёди чунин деворҳоро идома хоҳад дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо