A PHP Error was encountered

Severity: Warning

Message: fopen(/var/cpanel/php/sessions/ea-php72/ci_sessionacc0450f80837255e0ba6d66802be42216dfe5a0): failed to open stream: Disk quota exceeded

Filename: drivers/Session_files_driver.php

Line Number: 172

Backtrace:

File: /var/data/irstj/public_html/application/controllers/frontend/News.php
Line: 9
Function: __construct

File: /var/data/irstj/public_html/index.php
Line: 315
Function: require_once

A PHP Error was encountered

Severity: Warning

Message: session_start(): Failed to read session data: user (path: /var/cpanel/php/sessions/ea-php72)

Filename: Session/Session.php

Line Number: 143

Backtrace:

File: /var/data/irstj/public_html/application/controllers/frontend/News.php
Line: 9
Function: __construct

File: /var/data/irstj/public_html/index.php
Line: 315
Function: require_once

IRS

Марҳилаи сифатан нави таъмиру таҷдиди роҳ

Ин омил баёнгари он аст, ки муносибати ҷиддӣ  ба нигоҳдории роҳ аз авлавиятҳост

Сарфи назар аз мавҷудияти монеаҳои зиёд, ки қисмати аъзамашон  сунъӣ  буданд, роҳбарият ва кормандони «IRS» бо фаъолияти самаранок ҷиҳати дар сатҳи хуб  ва сифати баланд анҷом додани рисолати худ ба нотавонбинон посухи сазовор додаанд. Яке аз самтҳои афзалиятнок таъмиру таҷдиди роҳ ба ҳисоб рафта, кормандони филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷода хеле фаъоланд. Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки ин омил дар фаъолияти филиали Ширкат ба раванди муттасил табдил ёфта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ҷоиз ба зикри  алоҳида аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарордошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармо таъмири куллӣ шурўъ шудааст.  Масъулини «IRS» ба он назаранд, ки барои анҷоми  таъмиру таҷдиди роҳ ҳама фаслҳои сол созгор нестанд. Зикри ин нукта ба он хотир аст, ки ҳамватанони азиз муътақид гарданд, ки амалӣ намудани корҳои сохтмонии ба бахши роҳдорӣ рабтдошта дар марҳилаи боришот самарбахш ва роиҷ нест.  Барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгўйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани таъмири зикршуда имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, 3 корхонаи истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор муҳайё аст.

Соли равон низ чун солҳои қаблӣ ибтикори амалинамудаи  филиали Ширкат дар робита ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок хеле зиёд буда, нафароне, ки тариқи он сафар намудаанд, дурустии ин гуфтаро тасдиқ менамоянд. Давоми чанд вақти охир аз километри 148  то километри 160-ум таъмири куллии роҳ тибқи талаботи мавҷуда амалӣ гардид. Аз лиҳози моҳият ва харҷи маблаѓ таъмири куллӣ ба бунёди роҳ баробар буда, ба ибораи дигар роҳ аз нав эъмор мегардад.  Таъмири куллӣ дар масири зикршуда аз ҷониби мутахассисони ҳирфаии ташкилоти бонуфузи роҳсозӣ амалӣ шуда, дар ин раванд асфалти истеҳсоли корхонаҳои мутаалиқ ба филиали Ширкат истифода гардид. Масъулин тасмим доранд рўзҳои наздик дар қитъаи навбунёди роҳ хатҳои уфуқӣ кашида, ба ин васила роҳро беш аз пеш назаррабо ва бехатарии ронандагону мусофиронро таври бояду шояд таъмин намоянд.

Таъмири куллии минтақаи мазкур интиҳои иқдомот дар самт набуда, айни замон таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чанок бомаром ва суръати баланд идома дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо