Ҳамватанони азиз!

Чун мо дар арафаи таҷлили бисту ҳафтумин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишварамон қарор дорем, Шумо, пайвандон ва аҳли кормандонатонро ба ин муносибат аз номи кулли кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, орзумандам, ки ин ҷашни фархунда ба хонадони ҳар як сокини Ватани маҳбубамон файзу сурури идона ва бахту саодати поянда орад.
Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва сарбаландии ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад. Мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон аст, ки мо баъди садсолаҳои зиёд маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ, бо дарназардошти анъанаву суннатҳои таърихии аҷдодиамон ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта ба бунёди давлатдории миллии худ оғоз кардем.
Мардуми Тоҷикистон Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ ҳар сол ҳамчун ҷашни бузурги умумимиллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд. Бигзор ин раванд бардавом ва ваҳдати миллии мо осебнопазир бошад.
Ҷашни озодиву истиқлол муборак!
Бо эҳтиром: Фотима Ниёзмамадова, Директори филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон