ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ БОРКАШ ТАРИҚИ НАҚБИ "ШАҲРИСТОН" 2-3 СОАТ МАҲДУД КАРДА МЕШАВАД.

Иттилоъ медиҳем, ки бинобар амалӣ намудани корҳои ба нигоҳдории нақби "Шаҳристон " рабтдошта пагоҳ, баъд аз нисфирӯзӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш дар давоми ду - се соат тариқи ин нақб маҳдуд карда мешавад.
Аз ронандагону мусофирон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба иқдоми мазкур бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат ва талаботи мавҷударо риоя намоянд.