Роҳи Душанбе - Чанок. Тармафароӣ др марҳилаи анҷомёбӣ буда, шусташавии роҳ бар асари боришот шурӯъ шуд
Агар касе андеша дошта бошад, ки бо сипаришавии фасли зимистон сарбории кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кам шуда, мавсимҳои боқимонда бидуни мувоҷеҳ гардидан бо мушкил ва ба сомон расонидани ибтикоре паси сар мешаванд, комилан иштибоҳ мекунанд. Барои мисол, ҳарчанд баҳор фаро расидаву дар паҳноиҳо гармӣ рӯз то рӯз шиддат пайдо мекунад, вале дар масири роҳи Душанбе – Чанок то кунун фаромадани тармаҳо идома дорад.
Муфассалтар...
