Таъмиру таҷдиди роҳ - самти афзалиятноки фаъолият
Аз ин нуқтаи назар, таваҷҷуҳ ба ин масъала аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса аст
Зимни ифтитоҳи плазаҳои нави толлингии филиали Ширкат Директори филиали Ширкат Асомиддин Азизов минҷумла зикр карда буд, ки “бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрону валангор гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест.
Аз оғози фаъолият то ин замон кормандони филиали Ширкат бо масъулиятшиносиихуд собит намуданд, ки қодиранд нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанокро дар сатҳи баланд иҷро намоянд. Давоми марҳилаи начандон тӯлонии фаъолият рушду такомул ҳадафи асосӣ ва масъулиятшиносӣ меҳвари кору пайкор буду ҳаст. Барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани рисолат имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор мавҷуд буда, филиали Ширкат дорои пойгоҳи пурқуввати техникӣ (181 техникаву механизм) мебошад.”
Дар маҷмӯъ, филиали Ширкат дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи Душанбе – Чанакро самти афзалиятноки фаъолият эътироф ва интихоб намуда, дар ин ҷода мунтазам чораандешӣ карда истодааст. Дар робита ба ин, бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармо таъмири куллӣ шурӯъ шуда, бемайлон идома дорад. Бояд дарк кард, ки барои анҷоми таъмиру таҷдиди роҳ ҳама фаслҳои сол созгор нестанд. Ҳамасола чунин иқдомот бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ гардида, дар ин замина қитъаҳои осебдидаи роҳ таъмиру таҷдид мегарданд. Ба таваҷҷуҳи ҳамватанони азиз мерасонем, ки амалӣ намудани таъмири роҳ дар мавсими боришот дуруст ва самарабахш нест. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.
Айни замон аз километри 57 то километри 160-уми роҳ таъмир босуръат ҷараён дошта, минбаъд ин раванд густариш бахшида мешавад. Умуман, иқдомоти амалинамудаи “IRS” дар робита ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок хеле зиёд буда, нафароне, ки тариқи он сафар намудаанд, дурустии ин гуфтаро тасдиқ менамоянд.
Тавсеа ёфтани таъмиру таҷдиди роҳ шаҳодати масъулиятшиносии роҳбарияти филиали Ширкат буда, имкон фароҳам меорад, ки минбаъд низ мусофирону ронандагон аз роҳи ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ баҳравар гарданд.