Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост
Оғози бомуваффақияти фаъолияти плазаҳои нави толлингии филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дурнамои нек шаҳодат медиҳад
Имрӯз (31 июли соли 2017) Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ низоми навсозишудаи толлингиро ҷорӣ намуд. Зимни сухани ифтитоҳии худ Директори филиали Ширкат Асомиддин Азизов аз ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, минҷумла гуфт, ки ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқу идроки хоси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ гуфта буданд, ки «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст». Биноан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама дар соҳаи роҳу иртибот, даъват карданд.
-Ин омил боис гардид, ки дар як муддати на чандон тӯлонӣ дар ин ҷода корҳои зиёд ба сомон расиданд, ки аксарашон беназиранд. Ба шарофати пурра бозсозӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ, ки дар ҷисми кишвар шоҳраг аст, хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон бо он мувоҷеҳ буданд, бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бархӯрдоранд. Ногуфта пайдост, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрону валангор гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест,- афзуд Асомиддин Азизов. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе-Чаноқмавриди амал қарор диҳад ва тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.
Дар идомаи суханронии худ Асомиддин Азизов иброз намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои сармоягузорӣ фазои мусоид ва шароити зарурӣ фароҳам буда, ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҷараён дорад. Фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати “IRS” далели бебаҳси ин гуфта аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ ва сармоягузориро дар стратегияи рушди дарозмуддати худ яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иқтисодӣ муайян карда, ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Муҳимтар аз ҳама, солҳои охир дар кишвар як силсила ислоҳот дар самти пешбурди соҳибкорӣ анҷом дода шуда, ҷиҳати ташкили муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Қобили зикр аст, ки шӯрои мазкур ба соҳибкорону сармоягузорон имкониятфароҳам овардааст, ки андешаҳои худро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ мустақиман ба Президенти мамлакатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда, дар марҳилаҳои асосии қабул ва татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ иштирок намоянд. Соли 2012 узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардидани Тоҷикистон нишони возеҳи ин сиёсат буда, албатта, барои пайвастани он бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва равандҳои ҷаҳонии тиҷорат роҳи васеи ҳамкориҳоро хоҳад кушод.Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ чораҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст ва байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқӣ ҳеҷ гуна фарқият вуҷуд надорад.
Доир ба раванди фаъолияти филиали Ширкат қайд шуд, ки мавриди амал қарор гирифтани ин механизм ҷиҳатҳои мусбии хеле зиёд дошта, ҳадафи асосӣ коҳиш ёфтани хароҷоти буҷети давлатӣ, рушду тавсеаи равобити гуногунҷанба бо мамолики хориҷи дуру наздик, таъмиру нигоҳдории муназзаму устувори роҳ ва дар маҷмӯъ тамдид намудани муҳлати истифодаи он маҳсуб мешавад. Аз оғози фаъолият то ин замон кормандони филиали Ширкат бо масъулиятшиносиихуд собит намуданд, ки қодиранд нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанокро дар сатҳи баланд иҷро намоянд. Давоми марҳилаи начандон тӯлонии фаъолият рушду такомул ҳадафи асосӣ ва масъулиятшиносӣ меҳвари кору пайкор буд. Бо итминон иброз менамоям, ки ин раванд минбаъд низ идома ёфта, таври мунтазам густариш бахшида мешавад. Дастовардҳои мо дар ин муддат зиёданд, вале мо аз зикри пурраи онҳо худдорӣ менамоем, зеро “чизе аён аст, ҳоҷат ба баён нест”.
-Нуктаи муҳим он аст, ки мо барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳояш имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро дорем. Айни замон филиали Ширкат дорои пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, теъдоди техникаву механизмҳояш 181 –то аст, ки 148 адади онро техникаи роҳдорӣ ташкил медиҳад. Ибтикороти амалишуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки “IRS” дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи Душанбе – Чанакро самти афзалиятноки фаъолият эътироф ва интихоб намуда, дар ин ҷода мунтазам чораандешӣ карда истодааст.Дар робита ба ин, бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармо таъмири куллӣ шурӯъ шуда, бемайлон идома дорад. Ҳамватанони азиз бояд дарк, ки барои анҷоми таъмиру таҷдиди роҳ ҳама фаслҳои сол созгор нестанд. Ҳамасола чунин иқдомот бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ гардида, дар ин замина қитъаҳои осебдидаи роҳ таъмиру таҷдид мегарданд. Ба таваҷҷуҳи ҳамватанони азиз мерасонем, ки амалӣ намудани таъмири роҳ дар мавсими боришот дуруст ва самарабхш нест. Ногуфта пайдост, ки таъмиру таҷдид дар раванди нигоҳдории роҳ падидаи маъмул ба ҳисоб рафта, хароҷоти зиёди маблағ ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии кормандонро ба дунбол дорад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Умуман, иқдомоти амалинамудаи “IRS” дар робита ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок хеле зиёд буда, нафароне, ки тариқи он сафар намудаанд, дурустии ин гуфтаро тасдиқ менамоянд,- иброз дошт Директори филиали Ширкат.
Асомиддин Азизов оид ба ҷанбаҳои мусбати плазаҳои нав сухан ронда, гуфт, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дар ин замина мутобиқ намудани он ба талаботи байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин росто, бо дарназардошти талаботи замон ва таъмини рушди бемайлони Ширкат лоиҳаи ҷадид оид ба ҷорӣ кардани системаи нави электронии толлингӣ татбиқ шуда, ҳамчунин тамғаи молӣ (бренди) филиали Ширкатро низ иваз карда шуд.
Ҷанбаҳои мусбати плазаҳои нав хеле зиёданд. Барои мисол, пардохти ғайринақдӣ густариш ёфта, истифодаи кортҳои пардохтии намунаи нав хеле қулай мешавад.Дар ин замина, ронанда метавонад василаи нави пардохтиро ба шишаи пеши автомобил насб намуда, бидуни таваққуф плазаро убур намояд. Дар ин фосила таҷҳизоти замонавие, ки дар плазаҳои нав насб мешаванд, автомобилро ба қайд гирифта, аз корти пардохтии мутаалиқ ба соҳиби он маблағи пешбинишударо мегиранд. Навгонии дигари қобили мулоҳиза, ки дар асоси дархости шаҳрвандон рӯи кор омадааст, хизматрасонии “Клиент – Сервис” мебошад. Хизматрасонии мазкур имкон фароҳам меорад, ки дилхоҳ нафар суратҳисоби инфиродӣ кушода, аз имкониятҳои густурда ва убури бароҳат тариқи плазаҳои толлингӣ баҳравар гардад. Ба ғайр аз ин, хизматрасонии мазкур имкон медиҳад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пардохтиро ғайринақдиро бо истифода аз воситаҳои электронӣ анҷом диҳанд. Дар ҳолати зарурӣ маблағ гузаронидан ба тавозун тавассути низомҳои пардохтӣ ва ҳуҷраи инфиродӣ дар сомонаи филиали Ширкат низ имконпазир аст. Омили мазкур барбари бартариҳои зикршуда, ҳамзамон ба шахсони ҳуқуқӣ барои огоҳ шудан аз самтҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёти мутаалиқ ба онҳо шароит муҳайё месозад. Ҳамчунин теъдоди плазаҳои филиали Ширкат, ки айни замон 7-то аст, коҳиш ёфта, ба 6-то мерасад. Яъне, плазаи воқеъ дар Майхура аз байн бардошта мешавад. Сониян, ба ҷои 4 хати ҳаракат 8 хати ҳаракат фаъол гашта, имкон фароҳам меорад, ки масоҳати ҳудуди плазаҳо хеле васеъ шавад. Ҷоиз ба зикр алоҳида аст, ки меҳвари ибтикори мазкурро таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ташкил дода, таваҷҷуҳ ба ин масъала ҷиддӣ аст. Дар ин замина, плазаҳои толлингии Варзоб ва Ҳушёрӣ мутаносибан панҷ килотметрӣ дуртар аз макони ҳозираашон ҷойгир шуда, бо зебогиву имконоти васеи худ, ки ҷавобгӯи талаботи байналмилалист, ҷаззобияти минтақаи Варзобро барои сайёҳону истироҳаткунандагон афзун менамояд. Омили дигари муҳим, ки ба шарофати мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав имконпазир мегардад рафъи тамбашавӣ дар роҳи мавриди назар аст. Эътироф бояд кард, ки айни замон баъзан дар плазаҳои толлингӣ тамбашавии нақлиёт ба вуҷуд омада, боиси нороҳатии ронандагону мусофирон шудааст. Бартариҳои зикршуда шароит фароҳам меоранд, ки тамбашавӣ пурро аз байн равад. Бартарии дигар насби панелҳои иттилоотӣ дар ҳар хати ҳаракат маҳсуб шуда, омили мазкур замина фароҳам меорад, ки сатҳи иттилоотонии ронандагон болотар бардошта шавад. Дар панелҳои мазкур дар баробари иттилоъ бобати моҳияту навгониҳои фаъолияти филиали Ширкат, ҳамзамон оид ба вазъи обу ҳаво, ҳолати роҳ ва дигар воқеоти муҳими ба масири роҳи Душанбе – Чанок рабтдошта ҷойгир хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав 2 марҳиларо дар бар гирифта, дар навбати аввал плазаҳои толлингии Варзоб, Ҳушёрӣ дар ноҳияи Варзоб, сипас плазаҳои толингии Шаҳристон, Истарвшан, Деҳмой ва Чорух дар вилояти Суғд фаъол хоҳанд шуд. Бо васеъ гардидани имкониятҳои плазаҳо зарурати ҷалби кормандони нав пеш меояд. Муҳим он аст, ки зимни ба кор гирифтани кормандони нав таваҷҷуҳ ба сокинони минтақае, ки плазаҳои толлингӣ ҷойгиранд, хоса буда, ба онҳо бартарӣ дода мешавад.
Бо истифода аз фурсати муносиб Асомиддин Азизов арзи сипоси худро ба шарикон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур иброз намуд. Гуфта шуда, ки ширкатҳое, ки дар ин лоиҳа ҷалб шуданд аз ҷумлаи ширкатҳои бонуфуз маҳсуб шуда, метавон гуфт, ки ду соли татбиқи лоиҳа барояшон мактаби омӯзиш ва роҳандозии таҷрибаи ҷадид дар Тоҷикистон гардид. Ин ширкатҳо таҷрибаи кофии кор дар лоиҳаҳои мавриди назарро дошта, кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Франсия, Испания, Британияи Кабир, Норвегия, Шветсия, Ирландия, Федератсияи Россия, Бразилия, Чили, Аргентина, ИМА, Ҳундустон ва ғайра аз таҷҳизоти истеҳсолменамудаи онҳо истифода намуда истодаанд.
Далели возеҳи ин гуфта ҳамкории филиали Ширкат бо ширкати “Tecsidel” мебошад. Фаъолияти муштарак бо ин ширкат имкон фароҳам овард, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ беш аз пеш беҳбудӣ ёфта, мусофирону ронандагон аз хизматрасониҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ баҳравар гарданд.
Бо дарки масъулият иброз менамоям, ки мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои мазкур анҷоми ибтикороти мо дар ҷодаи бунёдкорӣ набуда, минбаъд низ бемайлон идома хоҳад ёфт,- гуфт дар фарҷоми суханрониаш Асомиддин Азизов.
Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Вализода зимни суханронии худ аз корҳои амалинамудаи филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки маҳз ба шарофати масъулиятшиносии кормандони он роҳи Душанбе –Чанок дар ҳолати хуб қарор дорад. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Самӣ Шариф зикр кард, ки филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, ҷиҳати бартарафсозии мушкили асосии шаҳрҳои бузург – тамбашавии нақлиёт иқдом намуд. Ҳамзамон Самӣ Шариф аз масъулиятшиносии роҳбарияти филиали Ширкат изҳори қаноатмандӣ намуда, минҷумла гуфт, ки тибқи нақша плазаи мазкур бояд моҳи ноябр мавриди истифода қарор мегирифт. Бо дарназардошти зиёдшавии тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳи мавриди назар роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дод, ки плазаи мазкур ҳар чӣ зудтар ба истифода дода шавад. Ин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ нақшаи пешбинишуда ҷомаи амал пӯшид.
Дар идома Самӣ Шариф аз иқдоми роҳбарияти филиали Ширкат ҷиҳати баргузории хатнасӯри 40 дӯстрӯяк аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуда, ин амали хайрро қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш номид.
Узви Шӯрои нозирони филиали Ширкат Илҳомиддин Иброҳимов дар суханронии худ таври муфассал доир ба раванди фаъолияти филиали Ширкат маълумот дода, корҳои дар ин муддат амалишударо шоистаи таҳсин арзёбӣ кард. Ба андешаи И. Иброҳимов, тӯли фаъолияташ филиали Ширкат рисолати худро дар робита ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуда истодааст. Бо ин мақсад тамоми имконоти мавҷуда истифода шуда, минбаъд низ ин раванд густариш бахшида мешавад.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти плазаҳои Варзоб ва Ҳушёрӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.
Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ беназир ва намунаи ибрати аҳли башар буда, дар ин замина қишри зикршудаи ҷомеа аз имтиёз ва дастгириҳои зиёд баҳраваранд. Дар пайравӣ ба иқдомоти мавриди назар филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолияти хайриявии худро таври густурда ба роҳ монда дар ин ҷода собитқадам аст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолият ин масъала мадди назар буда, ҳамон замон ба хонаи кӯдакони № 1-и шаҳри Душанбе таври мунтазам кӯмак расонида мешуд. Сипас, ин раванд тавсеа ёфта, филиали Ширкат сарпарастии Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзобро ба зимма гирифт. омаданд. Шоистаи зикр аст, ки филиали Ширкат Муассисаи мазкурро мунтазам дастгирӣ намуда, таъмири толори варзишӣ ва бозсозии саҳни он, ки дар ногувор қарор доштанд, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуд.
Тавре масъулин гуфтанд, филиали Ширкат ба муассисаи мазкур маводи хурока, мошинаҳои дарздӯзӣ, ҷомашӯӣ, таҷҳизот барои ошхона, мизу курсӣ, асбобҳои гармидиҳӣ ва ғайра низ тақдим намуд. Ба ғайр аз ин, намояндагони филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таври мунтазам ба аёдати иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кӯмаки моддӣ мерасонанд.Ба ғайр аз ин, аз ҷониби филиали Ширкат барои зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат манзили истиқоматӣ бунёд ва лавозимоти зарурӣ таъмин гардид.
Ҳамрадиф бо мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав филиали Ширкат ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» кумаки навбатии хешро расонид. Кӯмаки мазкур аз катҳои хоб барои бошандагони ин муассиса иборат буда, барои ин 21000 сомонӣ харҷ шуд. Ҳамчунин, дар ҳудуди плазаи нав хатнасури 40 дустрӯяк аз хонаводаҳои камбизоати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Волидони ин дӯстрӯякон аз иқдоми мазкур изҳори хушнудӣ карда, арзи сипоси хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.