ФИЛИАЛИ ШИРКАТИ САҲОМИИ «ИННОВЕЙТИВ РОУД СОЛЮШНЗ ЛТД» ТАМҒАИ МОЛИАШРО (БРЕНДИ ХУДРО) ИВАЗ НАМУД

Шурӯъ аз 1-уми августи соли 2017 Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадиф бо мавриди истифода қарор додани плазаҳои нав ба ҷои плазаҳои айни замон амалкунанда, тамғаи молӣ (бренди) худро иваз намуд. Иқдоми мазкур идомаи мантиқии раванди рушду такомули филиали Ширкат маҳсуб шуда, аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарият ва кормандонаш тавсеаи фаъолият ва муаррифии шоистаи онро меҳвари фаъолият қарор додаанд.

Тамғаи молии нав моҳияти фаъолияти филиали Ширкатро дар заминаи рамз – роҳи нопайдоканор, ки аз масири кураи замин гузаштааст, таври возеҳ бозгӯйӣ менамояд. Ба ғайр аз ин, номи филиали Ширкат бо ҳарфҳои хонову зебо ва тибқи талаботи мавҷуда инъикос шудааст, ки диққати дилхоҳ нафари ба он мувоҷеҳшударо ҷалб менамояд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки омодасозии тамғаи нави молии филиали Ширкат бо риояи тамоми назокатҳои бахши брендсозӣ аз ҷониби мутахассисони ҳирфаӣ сурат гирифта, муътақидем, ки аз ҷониби ҳамагон баҳои баланд хоҳад гирифт. Дар такя ба нишондиҳандаҳои филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон хулоса кард, ки дар давоми солҳои охир нишондиҳандаҳои фаъолияти филиали Ширкат дар ҳама ҷанбаҳо тамоюли пешравиро касб намуда, ба маънои томаш комёбӣ ҳамсафари доимии филиали “IRS” гардидааст.

Дар навбати аввал, навсозии тамғаи молӣ ба муарррифии шоистаи филиали Ширкат дар дохил ва хориҷи мамлакат рабт дошта, ба ин васила баҳри тарғиб ва шинохти он имкони фарохтар фароҳам мешавад. Дар робита ба масъалаи мавриди назар ба тамоми раванди фаъолият, ки дар он бренди филиали Ширкат истифода мешавад, тағйирот ворид шуда, аз ин пас раванди муаррифӣ, тарғиб ва ташвиқи филиали Ширкат бо истифода аз тамғаи молии нав сурат мегирад.

Тавре болотар зикр намудем, дастовардҳои филиали Ширкат дар ҳама ҷанбаҳо қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш мебошад. Нуктаи муҳим он аст, ки “IRS” барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани рисолаташ имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст. Барои мисол, айни замон теъдоди техникаҳои филиали Ширкат зиёда аз 181 ададро ташкил дода, имкон фароҳам аст, ки нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок тибқи талаботи мавҷуда амалӣ шавад. Ба замми ин, ба наздики 10 техникаи пуриқтидори дигар ба пойгоҳи техникии филиали Ширкат ворид шуд. Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки ноил шудан ба дастовард дар фаъолияти филиали «IRS» ба раванди муттасил табдил ёфта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо