ЧОРААНДЕШИИ БЕТАЪХИР АЗ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢМАНШАЪ ГИРИФТААСТ

Кормандони «IRS» пайомадҳои офати табиии дар километрҳои 127-128 рухдодаро бетаъхир рафъ карда, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиётро таъмин намуданд

Мусаллам аст, ки бинобар дар минтақаи куҳистон ҷойгир будани қисмати аъзами роҳи Душанбе – Чанок сатҳи осебпазирии он аз офатҳои табиӣхеле зиёд баланд аст. Таҷриба собит намуд, ки ҳатто дар мавсими баҳору тобистон ин роҳ аз офатҳои табиӣ, аз қабили омадани сел, фаромадани сангпораҳо, лағжиши кӯҳпора ва ғайра эмин набуда, ба маънои томаш офатҳои табиӣраванди муттасиланд.

Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи мазкур ба зиммаашон вогузор аст, баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо аз тамоми имкониятҳо самарнок истифода намуда истодаанд. Ин аст, ки чунин минтақаҳо зери назорати доимӣқарор дошта, иқдомоти пешгирикунанда тавсеа ёфтаанд. Вале табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки пешгӯйии онҳо берун аз имконоти инсон аст.

Шаби 12 июли соли равон дар километрҳои 127 -128 –уми роҳи Душанбе – Чанок фаромадани сел ба амал омад. Дар ин замина, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар масири мазкур чанд муддат ба мушкил мувоҷеҳ шуд. Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон таври фаврӣчораандешӣнамуда, кормандон ва техникаву механизмҳои заруриро сафарбар намуданд. Масъулин дар макони офати табиӣқарор доштанд ва бо дастури номбурда ҷиҳати бартарафсозии офати табиӣаз тамоми имконоти мавҷуда самаранок ва бетаъхир истифода гардид.

Дар заминаи андешидани чораҳои фаврӣ дар як муддати кутоҳ роҳ аз селовард тоза гардида, ҳаракати нақлиёт таъмин карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо