Новобаста аз боришоти шадиди барф роҳ кушода аст
Шурӯъ аз дирӯз дар масири роҳи Душанбе – Чанок, бештар аз километри 33 то 73 –юм боришоти шадиди барф беист идома дорад. Кормандони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳаракати муназзаму бемонеаи воситаҳои нақлиёт дар ин ҷода бетаъхир чораандешӣ намуда, бо истифода аз имконоти мавҷуда фаъолияти хешро беш аз пеш вусъат бахшида, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, ки ҳаракати бемонеаи воситаҳои нақлиёт таъмин бошад.
Дар навбати аввал, техникаҳои филиали Ширкат роҳро аз барф тоза намуда, пошидани маводи зидди лағжиш таври густурда амалӣ шуд. Тибқи иттилои аз намояндагиҳои филиали Ширкат дастрасшуда, новобаста аз боришоти шадиди барф ҳаракати воситаҳои нақлиёт умуман қатъ нагардидааст. Таассуфовар аст, ки сарфи назар аз корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳоло ҳам як идда ронандагон бе омодагӣ (манзур набудани занҷир, аз ҷиҳати техникӣ ҷавобгӯйи талабот набудани ҳолати техникии воситаи нақлиёт ва ғайра аст) ба роҳ мебароянд. Дар натиҷа, чунин ронандагон бар замми дар роҳ ба мушкил мувоҷеҳ гардиданашон, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт низ монеа эҷод менамоянд.
Тавре қаблан иброз дошта будем, омодаҳо ба мавсими сармо ҷиддӣ ва ҳамаҷониба буда, дар ин раванд таваҷҷуҳи хоса ба сатҳи омодагӣ ва ҳолати кории техникаву механизмҳо зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилағжиш ва сӯзишворӣ захира шуд. Ҳамрадиф бо ин, кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони мустақаршудаашон ба миқдори зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.