Тозагии ҷӯйборҳои қанори роҳ - қафолати тамдиди истифодаи он
Дар давоми фаъолияти худ роҳбарият ва қулли қормандони филиали Ширқат бо масъулиятшиносии худ собит намуданд, қи таъмини ҳарақати бехатари нақлиёт дар роҳи Душанбе - Чаноқ ва рушди инфрасохтори роҳҳо аз аҳдофи филиали ширқати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷиқистон мебошаду онҳо дар ин ҷода собитқадаманд.
Ҷоиз ба зиқри алоҳида аст, қи ҳамрадиф бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, аз ҷониби филиали Ширқат ба масъалаи ободонӣ, қи дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва тамдиди муҳлати истифодаи роҳ рабт дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Ин омил далели возеҳи он аст, қи роҳбарияти Ширқат нисбат ба нигоҳдории роҳ бо дарқи масъулият муносибат намуда, ҳаргиз бетафовутиро ихтиёр нақардаанду намеқунанд. Дар ин раванд, бо дарназардошти муҳимияташ мунтазам тоза намудани ҷӯйборҳо дар мадди назар қарор дошта, дар давоми рӯҳои охир дар қилометрҳои 109 – 147 ин иқдом амалӣ гардид. Илова бар ин, аз қилометри 106 ба қилометри 81 маводи зиддилағжиш қашонида шуда, дар қилометрҳои 104-105 қитъаҳои осебдидаи роҳ тибқи талаботи роҳсозӣ тахту ҳамвор қарда шуд.