Огоҳнамоӣ масъулиятро дучанд мекунад
Тибқи иттилои Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки алъон дар сархати расонаҳо қарор дорад, шурӯъ аз 27 то 30 январи соли равон бо дарназардошти аз тарафи Қазоқистон ба шимоли Ӯзбекистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар ҷумҳурӣ якбора бадшавии вазъи ҳаво дар назар аст. Ба гуфти корманди ин ниҳод Ҷамила Байдуллоева, дар ин рӯзҳо ҳаво дар водиҳои ноҳияҳои вилояти Суғд шабона 7-12 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард хоҳад шуд.
Дар робита ба сард шудани ҳаво 25 январ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш намуд, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми истифода аз асбобҳои гармкунии барқӣ қоидаҳои техникаи бехатарии зидди сӯхторро ҷиддӣ риоя кунанд ва дар истифодаи он сарфакор бошанд. Инчунин дар ин рӯзҳо шаҳрвандонро мебояд аз гузаронидани корҳои саҳроӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикор худдорӣ намоянд.
Пешгўйӣ ва огоҳсозии шаҳрвандон рисолати сохторҳои зикршуда аст ва он набояд боиси ба таҳлука афтодани аҳолӣ гардад. Ба ибораи дигар, дар ин маврид «аз пашша фил сохтан» ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Табиист, ки фасли сармо махсусиятҳои худро, амсоли сардӣ, яхбандӣ, боришоти барф, фаромадани тарма ва ғайра дошта, шаҳрвандон бояд аз ин ҳаводиси табиӣ дар ҳарос набошанд. Зеро сохторҳои марбута муваззафанд, ки барои таври муътадил ва муназзам пеш рафтани кору зиндагии шаҳрвандон ҷаҳду талош намуда шароити лозимаро фароҳам созанд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, шаҳрвандонро бовар мекунонад, ки сарфи назар аз вазъи боду ҳаво фаъолияти филиали Ширкат чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд сурат хоҳад гирифт. Барои ин шароиту имконоти зарурӣ фароҳам буда, омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ аст. Ҳамрадиф бо ин, филиали Ширкат аз ронандагоне, ки азми сафар тариқи роҳи Душанбе – Чанокро доранд, даъват ба амал меорад, ки тавсияҳои ниҳодҳои дахлдорро мадди назар дошта, бидуни омодагии ҷиддӣ (дар ҳолати хуб қарор доштани воситаҳои нақлиёт, бо худ доштани таҷҳизоти иловагии зиддилағшиш, яъне занҷир, болиштаки зиддилағшиш, аломати исти садамавӣ) ба сафар набароянд.
Муҳимтар аз ҳама, ронандагону мусофирон дилпур бошанд, ки барои таъмини фаъолияти мунтаззаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагиҳои филиали Ширкат ба миқдори зарурӣ қум, намак, сўзишворӣ, ангишт ва ҳезум захира шуда, кулли техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон зиёда аз 181-то аст, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Илова бар ин, бо ибтикори роҳбарият дар хонаҳои устои роҳ, ки марбут ба филиали Ширкат мебошанд, барои муваққатан ҷойгир намудани онҳое, ки бинобар иллат пайдо намудани воситаи нақлиёт дар роҳ дармондаанд, шароити зарурӣ фароҳам аст.
Шаҳрвандонро мебояд дар робита ба рух додани ҳолатҳое, ки ҳаводиси табиӣ маҳсуб мешаванд, бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат намоянд, ҳангоми ҳаракат ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намоянд ва эҳтироми ҳамдигарро ба ҷой оранд. Дар навбати худ, роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои боришот аз тамоми имконот самаранок истифода хоҳанд кард.