Мавсими боришот масъулиятшиносии бештарро тақозо дорад
Бо фаро расидани мавсими сармо, ки боришоти барфу боронро ба дунбол дорад, роҳҳое, ки аз минтақаи кӯҳистони мамлакат мегузаранд, нигоҳубини хосаро тақозо менамоянд. Хоса, иқлими масири роҳи Душанбе – Чанок, ки қисмати аъзамаш аз чунин минтақаҳо мегузарад, аз роҳсозон масъулиятшиносӣ ва шабзиндадориро тақозо дорад.
Далелҳо ҳокианд, ки кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи мазкур ба зиммаашон вогузор аст, рисолаташонро дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намуда истодаанд.
Дар давоми рӯзҳои охир аз ҷониби Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд ибтикори зиёд, аз ҷумла мустахкам кардани канори роҳ бо хоку сангреза дар К321+750 (плазаи толлингии Чорух), тоза кардани роҳ аз сангреза ва қум дар К286+100, тоза кардани роҳ аз барф бо воситаи автогрейдер аз К165+726 то К210+499, пошидани маводи зиддилағжиш аз К165+726 то К368+200 амалӣ гардид.
Дар маҷмӯъ, раванди корҳо таҳти назорати Директори филиали Ширкат Асомиддин Азизов қарор дошта, бо ин мақсад аз тамоми имкониятҳои филиали Ширкат самаранок истифода мегардад