Садама бо иштироки ҳашт автомобил боиси ҳалокати корманди филиали Ширкат шуд
Бо андӯҳи гарон иттилоъ медиҳем, ки бар асари бархӯрди воситаҳои нақлиёт дар километри 205-уми роҳи Душанбе-Чаноқ корманди филиали Ширкат – Ғоибов Зафар ба ҳалокат расида, корманди дигар-Зокир Абдуқаҳоров ҷароҳат бардошт. Ҳодиса дар замина рух дод, ки як мошини боркаш бо сабаби фаромадани туман дар канори роҳ таваққуф кард ва воситаҳои нақлиёти дигар ба ин мошин бархӯрданд. Дар маҷмӯъ, ҳашт мошин ба ҳам бархӯрда, шаш мошин осеби ҷиддӣ бардошт.
Баробари рух додани садмаи мазкур баъзеҳо мардумро ба гумроҳӣ бурда, теъдоди қурбониёни онро зиёд арзёбӣ намуданӣ шуданд. Дар заминаи пешниҳоди иттилои дақиқ тариқи ВАО беасос будани чунин овозаҳо собит гардид. Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо истифода аз ҳолати хуби роҳ баъзе ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро таври бояду шояд риоя накарда, аксар маврид суръати ҳаракатро баланд менамоянд, ба самти муқобили ҳаракат мебароянд, эҳтироми ҳамдигариро ба ҷой намеоранд, ба талаботи мавҷуда бетафовутӣ мекунанд, ки хавфи ба амал омадани садамаҳои нақлиётиро зиёд менамояд.
Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки маҳз ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя накардани ронандагони ин автомашинаҳо боис гардид, ки фоҷиаи фавқ ба амал ояд. Таъкид менамоем, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ, анънаҳои ниёгон ва расму оинҳои миллӣ аз мадди назари мо дур набуду нест.
Мо дар ҳама ҳолат чунин ҳодисаҳои ногуворро чун мусибати худ қабул намуда, аз рух доданашон мутаассифем ва ба аҳли хонаводаву пайвандони марҳум - Ѓоибов Зафар ҳамдардии амиқи худро баён намуда, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонем. Номи неки ин корманди поквиҷдону масъулиятшинос абадан дар ёди мо боқӣ хоҳад монд.