Монеаи бамиёномада бетаъхир бартараф карда шуд

Бо фаро расидани фасли зимистон, ки боришоти давомдори боронро ба дунбол дорад, дар роҳҳое, ки аз минтақаи кӯҳистони мамлакат мегузаранд  фаромадани сангпора  ва лағжиши куҳпора падидаи маъмул мегардад. Хоса, роҳи Душанбе – Чанок, ки қисмати аъзамаш аз чунин минтақаҳо мегузарад, аз фаромадани сангпораҳо зиёдтар осебпазир аст.  Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи мазкур ба зиммаашон вогузор аст, баҳри  бартараф чунин ҳолатҳо аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда истодаанд. Ин аст, ки чунин минтақаҳо зери назорати доимӣ қарор доштанду доранд. 

 Имрӯз (10 январ) дар К137 +500 фаромадани сангпораҳо  ба амал омад. Дар лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳолат бо супориши роҳбарияти филиали Ширкат кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон баҳри бартараф намудани он камари ҳиммат баста, бо ин мақсад кормандон ва техникаву механизмҳои заруриро сафарбар намуданд.  Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани пайомадҳои офати фавқуззикр аз тамоми имкониятҳои филиали Ширкат самаранок истифода гардид.  

Дар робита ба ин, аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки зимни ҳаракат дар роҳ дақиқназару эҳтиёткор бошанд. Роҳбарият ва кулли кормандони  филиали Ширкат ба шумо сафари бехатар таманно доранд. 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо