МУҚОИСА БЕҲТАРИН ВАСИЛА БАРОИ ХУЛОСАИ ВОҚЕӢ АСТ
Агар ҳолати К85+400 –К85+600 –уми роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанокро дар марҳилаи валангор будан ва баъд аз он холисона муқоиса намоем, муътақид мегардем, ки “IRS» воқеан ҳам дар иҷрои рисолаташ собитқадам ва масъулиятшинос аст
Чанде қабл дар К85+400 –К85+600, бинобар боронҳои пуршиддат ва баланд шудани сатҳи оби сой сангҳои калонҳаҷм маҷрои онро банд намуданд, ки дар ин замина роҳ пурра вайрон гардид. Бо истифодаи мошину механизмҳо ва иҷрои корҳои таркишгарӣ сангҳои калонҳаҷм аз маҷрои сой бартараф шуданд. Ҳамрадиф бо ин, дар як муддати кӯтоҳ ин масир ҳамвор карда шуда, бо асфалти гарм рӯйпӯш карда шуд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки бо ин мақсад филиали “IRS” 280 тонна асфалт масраф намуд. Шоҳидони ҳол низ ин ибтикори кормандони филиали Ширкатро далели масъулиятшиносӣ эътироф намуда, эътироф намуданд, ки дар чунин муддати кӯтоҳ барқароркунии роҳ кори саҳлу сода нест.
Боиси таассуф аст, ки сарфи назар аз густурда будани корҳои таъмиру таҷдид баъзе нафарони аз аслу моҳияти масъала ноогоҳ ин ибтикоротро нодида мегиранд ва фаъолияти «IRS»-ро зери суол бурдан мехоҳанд. Ноогоҳиву бетафовутии ин нафарон то ҳаддест, кидар қиболи пешравиҳо нобино мешаванду бо дарёфти камбудии ҷузъӣ, ки мавҷудияташ дар дилхоҳ соҳа амри муқаррарист, санги маломат сӯи филиали Ширкат меандозанд.
Таъкид менамоем, ки масъулиятшиносӣ зимни иҷрои рисолат меҳвари фаъолияти мо буду ҳаст. Танҳо шаҳрвандонро мебояд зимни хулосабарорӣ аз муқоиса кор гиранд, зеро муқоиса василаи беҳтарин барои хулосаи воқеӣ аст.