Боришот шадид, вале роҳ кушода аст
Рӯзҳои охир дар масири роҳи Душанбе – Чанок, хоса аз километри 39 то 160 –ум боришоти шадиди барф падидаи маъмул аст. Тибқи иттилои аз намояндагиҳои филиали Ширкат дастрасшуда, айни замон низ боришот идома дорад. Бо дарназардошти ҳолати мазкур, кормандони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳаракати муназзаму бемонеаи воситаҳои нақлиёт дар ин ҷода бетаъхир чораандешӣ доранд ва бо истифода аз имконоти мавҷуда фаъолияти хешро беш аз пеш вусъат бахшидаанд. Бо ин мақсад навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шуда, кормандони филиали ширкат дар маҳалле, ки боришот нисбатан шадид аст, қарор дошта, роҳ мунтазам бо маводи зиддилағжиш коркард шуда истодааст.
Азми қавӣ ва масъулиятшиносии кормандони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам овард, ки бетаъхир ва мунтазам роҳ аз барф тоза шавад. Дар маҷмӯъ, мушкилиҳо хеле зиёданд, вале дар қиболи кормандони масъулиятшинос ва техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат боришоту яхбандӣ оҷиз асту ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт таъмин.