Ҳамкасбон ва ҳамдиёрони гиромӣ!
Инак, боз як соли амалӣ шудани иқдомҳои созандаи мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол бо хотироти нек ба поён расида, соли нави мелодии 2018 фаро мерасад.
Бинобар ин, Шумо ва наздиконатонро самимона табрик гуфта, осоишу хушбахтӣ, файзу баракат ва дар ҷодаи татбиқи ташаббусҳои нави созанда ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвари маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоям.
Шоҳиди он ҳастем, ки соли рафтаистода барои мардуми тоҷик, воқеан ҳам, соли вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созанда буду ин раванд муттасил аст. Дар баробари дигар сокинони мамлакат, кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пай иҷрои рисолати хеш софдилонаву содиқона заҳмат кашиданд. Бо инобати ин омил, метавонам дилпурона изҳор намоям, ки роҳи Душанбе – Чанок дар симои филиали Ширкат нигоҳбони масъулиятшиносу боэътимод дорад. Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули мову шумо роҳи мавриди назар дар ҳолати хуб қарор дошта, шаҳрвандон аз фаъолияти мо розианд. Вуруди барқияҳои миннатдорӣ, нашри арзи сипоси ронандагон дар ҳафтаномаҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ шаҳодати ин гуфта аст.
Аз баракати сулҳу суботи комил, имсол аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтикороти зиёд, аз ҷумла ҷорӣ намудани низоми навсозишудаи толлингӣ, харидории техникаҳои нави пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллии 21 километр роҳ ва ғайра амалӣ гардида, ин раванд бемайлон идома дорад.
Шубҳае нест, ки кормандони филиали Ширкат дар соли омадаистода низ ба хотири татбиқи нақшаҳои тасдиқшуда бо азми қавӣ ва нияти нек кору пайкор хоҳанд кард.
Соли нави 2018 муборак бошад!
Асомиддин Азизов, Директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон