Бозомӯзии мутахасссисон таҳрикбахши фаъолият аст

Хурсандиовар аст, ки таи солҳои охир дар доираи ибтикори гуногун ҳамкориҳои филиали Ширкат бо ташкилоту корхонаҳои хориҷи кишвар беш аз пеш тавсеа ёфта истодааст. Табиист, ки вусъат ёфтани ин ҳамкориҳо ҷиҳатҳои мусбати  зиёд дошта, дар ин замина навгониҳои  қобили таваҷҷуҳ ба раванди фаъолият ворид гаштаанд.

Давоми ду ҳафтаи моҳи декабри соли равон бо ташаббуси роҳбарият 3 нафар мутахассисони филиали Ширкат – Далер Назаров, Саидалӣ Нургалиев ва Таиса Фёдорова дар Маркази омӯзишии «СТД» -и шаҳри Саратови Федератсияи Россия малакаи хешро такмил доданд. Лозим ба ёдоварист, ки соли 2016 филиали Ширкат аз ҶСК  «Спецдортехника»-и шаҳри Саратов, ки Маркази омӯзишии «СТД»  зерсохтори он маҳсуб мешавад, озмоишгоҳи сайёри замонавиро харидорӣ намуда буд. Ҳарчанд аз замони харидорӣ фаъолияти озмоишгоҳи мазкур дар сатҳи хуб ва сифати баланд сурат гирифта истодааст, вале роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифтанд, ки нафарони зикршуда марҳилаи бозомӯзиро бояд гузаранд.  Масъулин муътақиданд, ки бозмӯзии мутахассисон таҳрикбахши раванди фаъолият маҳсуб шуда, бо инобати ин омил таваҷҷуҳ ба ин масъала хос аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҶСК «Спецдортехника» аз ширкатҳои бонуфузи соҳаи роҳу нақлиёт ба ҳисоб рафта, тавсеаи равобит бо он барои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама ҷиҳат муфид буд.

Аз ҷониби дигар, вусъат бахшидани ин раванд – яъне омӯзиш ва мавриди истифода қарор додани таҷрибаи пешқадам тақозои замон буда, масъалаи мазкур яке аз мақсадҳои асосии филиали Ширкат вобаста ба иҷрои рисолаташ - нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак маҳсуб меёбад.

 Мутахассисони зикршуда дар ин муддат нозукиҳои истифодаи озмоишгоҳи сайёр,  усулҳои ҷадиди ташхиси роҳ ва назорати сифатро омӯхта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо тасмими ҷиддӣ доранд.  

Аз ин бармеояд, ки ба шарофати неруи зеҳнии нафарони  мавриди назар пешравиҳои раванди фаъолият тамоюли афзоишро касб хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо