Бошандагони Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби  «Чорбоғ» болидарӯҳанд 

Зеро дар ҳамовозӣ ба ибтикори беназири Пешвои миллат сарпараст - филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба онҳо кӯмак мерасонад.

Мардум эътироф намудаанд ва далелҳо низ аз он шаҳодат медиҳанд, ки роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тибқи талаботи мављуда иљро намудани рисолати худ вобаста ба нигоҳдории роҳи Душанбе - Чанок, дастгирии табақаҳои эҳтиёљманди аҳолиро низ мадди назар дорад. Далели возеҳи ин суханон дар давоми чанд соли охир ба зимма доштани сарпарастии  Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб  мебошад.

  Дар арафаи Соли нави 2018, 28 декабри соли равон  бо дастури роҳбарият кормандони филиали Ширкат дар тантанаҳои таљлили ин љашн, ки дар Муассисаи зикршуда доир гардид, иштирок намуданд. Онҳо чун ҳамешагӣ ба муборакбодӣ ва аёдати бошандагони ин муассиса бо дастовез, ки тибқи дархости масъулини Муассиса харидорӣ шуда буд, рафтанд. Дастовези навбатӣ аз  таљҳизоти гармидиҳанда иборат буда,  филиали Ширкат барои харидории онҳо  зиёда аз 12000 сомонӣ харљ намуд.

  Зикр  намудан бамаврид аст, ки иқдоми мазкур аввалин ва охирин набуда,  филиали Ширкат онро мунтазам идома дода истодааст. Ёдовар мешавем, ки  қабл аз ин иқдом аз љониби филиали Ширкат таъмири толори варзишӣ ва саҳни Муассиса, ки дар ногувор қарор доштанд, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ  дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуд. Илова бар ин, дар арафаи љашнҳо ба ин Муассиса аз љониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи хурока, мошинаҳои дарздӯзӣ, љомашӯӣ, мизу курсӣ барои ошхона, тафдони бузургҳаљм ва дастгоҳи муқтадир  барои шӯридани хамир  тақдим гардида буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо