Шитобкорӣ боиси рух додани садама шуд
Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳолати хуб қарор доштани роҳи Душанбе - Чанок имкон фароҳам овардааст, ки ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин гардад. Бо истифода аз ин шароит баъзе ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро таври бояду шояд риоя накарда, аксар маврид сураъти ҳаракатро баланд менамоянд, ба самти муқобили ҳаракат мебароянд, эҳтироми ҳамдигариро ба ҷой намеоранд, ба талаботи мавҷуда бетафовутӣ мекунанд, ки хавфи ба амал омадани садамаҳои нақлиётиро зиёд менамояд.
Далели возеҳи ин суханон садамаи нақлиётие мебошад, ки 22 декабри соли равон, соати 4:30 дар километри 51 –и роҳи Душанбе –Чанок рух дод. Бинобар бо суръати баланд рондани автомбил ва бетафовутӣ дар роҳ автомашинаи барои интиқоли газ махсусгардонидашудаи тамғаи «Хубей» ба автомобили боркаши «Дулан», ки дар канори роҳ қарор дошт, бархурда, ба дарё афтида, боиси ба ҳалокат расидани як нафар – мусофири автомобили «Хубей» гардид.
Бо кумаки кормандони филиали Ширкат ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ автомашинаҳои ба садама дучоршуда аз қисми мошингарди роҳ бароварда шуданд. Айни замон ҳаракат тариқи роҳ таври муназзам таъмин аст.
Мо дар ҳама ҳолат чунин ҳодисаҳои ногуворро чун мусибати худ қабул намуда, аз рух доданашон мутаассифем. Биноан, аз кулли ронандагон даъват ба амал меорем, ки таври бояду шояд ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намоянд.
Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Руод Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон