Аз меҳнати дигарон набояд беғам буд
Қабл аз ҳама иброз менамоям, ки барои навиштани ин мақола ба ҷуз виҷдон дигар чизе таъсир нарасонидааст. Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қавле «дар пўсти худ эҳсос кардам»-у тасмими гирифтам ин мақоларо нависам. Зеро мардум бояд аз асли воқеа бохабар бошанд, то баҳои воқеӣ дода тавонанд.
Шоми 16-уми декабри соли равон аз зодгоҳам – ноҳияи Айнӣ занг зада, хабари нохўш – марги яке аз пайвандонро расониданд. Чун хабар дертар расид, табиист, ки дарёфти мошини кирокаш ба ин самт душвортар буд ва маро лозим меомад, ки маблағи 4-5 мусофирро дода, мошинро яклухт киро кунам. Бинобар ин, соати 4-и субҳ бо мошини шахсиам – тамғаи ДЭУ - некси ба роҳ баромадам. Аз итттилои паҳнгардида медонистам бо чунин мошин ва бе занҷир ба роҳ баромаданам хатарнок буд, вале ба ҳар сурат аз роҳ нагаштам. Дар плазаи «Ҳушёрӣ» кормандони филиали Ширкат маро боодобона аз вазъи роҳ огоҳ карда, занҷир доштанамро пурсиданд. Эътироф менамоям, ки онҳоро фиреб кардам. Гуфтам, ки занҷир дорам. Аз плаза гузаштаму боришоти барф шадидтар гардид.
Боришот то ҳадде шадид ва беист буд, ки ногуфтанӣ… Ҳол он ки дар Душанбе аз барф нишоне набуд. Ман низ то ин замон мепиндоштам, ки масъулини филиали Ширкат вобаста ба боришот ва тармафароӣ аз ҳад зиёд воҳима мекунанд, вале воқеиятро бо чашми худ дидаму ростӣ ба даҳшат афтодам. Соат 4-у 43 дақиқаи субҳро нишон медод. Ягона умед чароғҳои равшани техникаҳои пуриқтидори ширкат буд, ба маънои томаш ба дили ронандагону мусофирон шуълаи умед мекиштанд. Ин муболиға нест, дар нимашаб, замоне, ки ҳама масти хобанд, кормандони Ширкат баҳри кушода будани роҳ шабзиндадор буданд. Аҳсан!
Роҳ таври мунтазам бо маводи зиддилағжиш коркард мешуду техникаҳо бонавбат барфро тоза карданд. Чунин масъулиятшиносӣ буд, ки ман бо автомашинаи тамғаи «Некси», бе занҷир ва дар охири моҳи декабр роҳи Душанбе – Чанокро паймудам. Пас чаро мо аз филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдор набошем? Чаро масъулиятшиносиву шабзиндадориҳои онҳоро арҷгузорӣ накунем.
Мефаҳмам, ки нигоҳдории роҳ рисолату вазифаи онҳо аст, вале эътироф бояд кард, ки аз уҳдаи иҷрои вазифа на ҳар кас баромада метавонад. Аз ин нуқтаи назар, мо бояд ба меҳнати дигарон ба ҳеҷ ваҷҳ бетафовут набошем. Ба гуфти шоир:
Ту ки аз меҳнати дигарон беғамӣ
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
Хулоса, сари вақт ба маросими ҷаноза расидам. Зимни бозгашт бо дарназардошти идома ёфтани боришот бо худ занҷир гирифтам. Вале онро истифода накардам, зеро кормандони филиали Ширкат ончунон роҳро поккорӣ намуда буданд, ки барои истифода занҷир зарурат намонд.
Ин буд бардошти ман аз як сафар ва хулосаам бобати филиали Ширкат. Мақсад аз навиштани мақолаи мазкур расонидани ҳақиқат оид ба вазъи роҳ, корҳои аз ҷониби кормандони филиали Ширкат амалишуда аст, на чизи дигар.
Мо бояд ба мардум иттилои дурустро расонем ва аз гуфтани ахбори нодуруст худдорӣ кунем:
Ҳар он кас, ки бар ту нагўяд дуруст,
Чунин дон, ки ў душмани ҷони туст.
Ризолиддин Охунов,
сокини шаҳри Душанбе
PS: Суроға ва рақами телефони муаллифи мақола дар филиали Ширкат ҳаст ва сурати шубҳа пайдо намудани баъзе “дўстон” ба воқеияти омилҳои дар мақола зикршуда омодаем онро дар ихтиёрашон гузорем.