Арзиши тарофаҳоро боло набурдаем, ҳарчанд зарурат вуҷуд дорад
Вақтҳои охир дар баъзе сомонаҳои интернетӣ бобати боло рафтани тарофаҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанокро ба зимма дорад, иттилои таҳрифшуда паҳн гардид. Бо дарки масъулият иброз менамоем, ки, иттилои пахшуда дар маҷмӯъ «аз пашша фил сохтан» аст. Зеро давоми солҳои охир сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллии қариб 50 километр роҳ, ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард. Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллии роҳ масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад.
Аз 20 то 60 дирам афзудани тарофаҳо ба он рабт дорад, ки қаблан бисёре аз тарофаҳо дирамҳои изофагӣ доштанд ва ҳангоми пардохти ҳаққи убури роҳ то андозае мушкил эҷод мекарданд. Ҳоло филиали ширкат ин нархномаҳоро яклухт кардааст, то пардохт барои мусофирон осонтар шавад. Аз ин бармеояд, ки овозаҳо бобати боло бурдани нархи тарофаҳ о воқеият надорад, ҳарчанд барои боло рафтанашон асос (омилҳое, ки болотар зикр шуд) вуҷуд дорад.
Роҳбарияти филиали Ширкат чанд моҳ пеш, аниқтараш замони ба фаъолият шурӯъ намудани плазаҳои нав ба ҷои плазаҳои он замон фаъол расман иброз дошта буданд, ки дар заминаи ҷорӣ намудани низоми навсозишудаи толлингӣ теъдоди плазаҳ ои филиали Ширкат, ки он замон 7-то буд, ба 6-то мерасад.Дар натиҷа, плазаи воқеъ дар Майхура аз байн бардошта шуд ва маблағе, ки қаблан дар плазаи Майхура пардохт мешуд, мутаносибан ба плазаҳ ои Варзоб ва Ҳушёрӣ тақсим шуданд. Ҷоиз ба зикр алоҳ ида аст, ки меҳвари ибтикори мазкур- ҷорӣ намудани низоми навсозишудаи толлингӣ таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ маҳсуб мешавад. Ёдовар мешавем, ки мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳ ои нав 2 марҳиларо дар бар гирифта, дар навбати аввал плазаҳои толлингии Варзоб, Ҳушёрӣ дар ноҳияи Варзоб, сипас Деҳмой, Истаравшан, Шаҳристон дар вилояти Суғд фаъол шуданд.