Дар хонаҳои усто барои муваққатан ҷойгир намудани дар роҳ дармондагон шароит фароҳам шуд

Зимистон дар кишвар ҳукмрон буда, табиист, ки таъсираш ба тамоми соҳаҳо баръалост. Хоса, бахши роҳу нақлиёт дар ин мавсим зиёдтар осебпазир буда, масъулияту сарбории кормандонаш бамаротиб меафзояд. Роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми фаъолият таҷрибаи ғании тадбирандеширо дар ин мавсим андӯхта, қодиранд, ки корро дар сатҳи хуб ва сифати баланд роҳандозӣ намоянд. Ин аст, ки сарфи назар сардиҳои қаҳратун ва боришот роҳи Душанбе – Чанок кушода буда, ронандагону мусофирон қаноатманданд. Тибқи иттилои аз намояндагиҳои филиали Ширкат дастрасшуда, ҳолати роҳ дар маҷмӯъ қаноатбахш буда, ҳаракати бехатару муназзами воситаҳои нақлиёт таъмин аст. Ҳамарӯза тариқи хати доимоамалкунанда теъдоди зиёди ронандагону мусофирон ба роҳбарияти филиали Ширкат барои масъулиятшиносӣ арзи сипос менамоянд.

Дар матлабҳои қаблӣ оид ба омодагии филиали Ширкат ба фасли зимистон, аз ҷумла ҳаҷми маводи зиддилағжиш, сӯзишвории дизелӣ, ангишт ва ғайра  маълумоти муфассал пешниҳод намуда будем, ки такрори он ҷоиз нест. Танҳо илова намуданием, ки дар мавсими имсола фаъолияти Хонаҳои устои роҳ, ки бо ибтикори роҳбарияти филиали Ширкат дар масири роҳ эъмор шудаанд, густариш ёфта, ба онҳо таҷҳизоти зарурӣ дастрас ва шароити будубош фароҳам карда шуд. Муҳимтар аз ҳама,  айни замон шароит муҳайё гардид, ки вобаста ба зарурат ронандагону мусофирони дар роҳ дармонда муваққатан дар хонаҳои мазкур ҷойгир карда шаванд. Омили мазкур боз як далели масъулиятшиносиву инсондӯстии роҳбарияти филиали Ширкат маҳсуб шуда, муътақидем, ки мавриди арҷгузорӣ қарор хоҳад гирифт.

Шаҳрвандонро мебояд дар робита ба рух додани ҳолатҳое, ки ҳаводиси табиӣ маҳсуб мешаванд, бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат намоянд. Дар навбати худ, роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои боришот аз тамоми имконот самаранок истифода хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо