«Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҳама ҷанбаҳо фаъолу ташаббускор аст
Ҳамовозӣ намудани кормандони филиали Ширкат ба ибтикори байналмилалӣ таҳти унвони «16 рӯзи фаъолнокӣ алайҳи зӯроварӣ нисбат ба занон» далели ин гуфта аст
Агар гӯям, ки бо соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати занон дар ҷомеа ба ҳадде, ки барои ҷомеаи шарқӣ тасаввурнопазир аст, расидааст, муболиға нахоҳад буд. Эътироф бояд кард, ки соҳибистиқлол гардидани кишварамон баҳри таъмини мавқеи арзанда ва устувори зан – модар шароиту имконоти заруриро муҳайё намуда, таври бесобиқа зани тоҷикро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Тибқи маълумоти расмӣ, имрӯз дар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марказии идоракунӣ, инчунин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беш аз 8 ҳазор нафар занону духтарон фаъолият карда, 500 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Аз шаш ҳазор нафар духтароне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи квотаи президентӣ хатм кардаанд, беш аз панҷ ҳазор нафарашон дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд ва 125 нафари онҳо дар мансабҳои роҳбарӣ ба нафъи давлату ҷамъият бо азму талош ва ташаббусҳои созанда хизмат карда истодаанд.
Муҳимтар аз ҳама, Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқ ҷамоҳири шӯравӣ ягона мамлакатест, ки Сарвараш Фармонро «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расонидааст. Тибқи маълумоти оморӣ, дар оғози даврони соҳибистиқлолии кишвар теъдоди бонувони соҳибкор ҳамагӣ 64 нафарро ташкил медод. Айни замон ин шумора ба 126000 ҳазор нафар расидааст.
Мутаассифона, то кунун зӯроварӣ нисбат ба занон дар баъзе оилаҳо ба мушоҳида мерасад. Бо дарназардошти ин, аз ҷониби ташкилоту созмонҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла зерсохторҳои СММ мунтазам чорабиниҳои гуногуни моҳияти тарѓиботидошта амалӣ мешавад. Ин навбат чорабинии мавриди назар таҳти унвони «16 рӯзи фаъолнокӣ алайҳи зӯроварӣ нисбат ба занон» шурӯъ аз 25 ноябр (Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат нисбат ба занон) то 10 декабр (Рӯзи ҳуќуќи инсон) баргузор гардид. Дар раванди чорабиниҳои ба ин маърака рабтдошта зикр гардид, ки содир шудани зӯроварӣ нисбат ба занон ба заифиродагӣ ва хурофотпарастии як идда мардон рабт дорад ва бевосита аз он маншаъ гирифтаву густариш ёфта истодааст. Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари ашхоси хурофотпараст ва ба андешаҳои бепояи мазҳабӣ пойбанд, кӯшиш менамоянд, ки бонувони хонаводаашон зери ҷабр бошанд.
Сониян, қисмати зиёди онҳое, ки ба занон зӯроварӣ менамоянд пойбанди хурофот шудаанд, зеро марди оқил, қавиирода ва огоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ ба зан ҷабр намекунад. Чун баъзе мардони мо дар зиндагӣ аз ин хислатҳо батамом бенасибанд, кӯшиш менамоянд то аҳли хонаводаашон дар «муҳосира»-и равонӣ қарор дошта бошанд.
Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тамоми ибтикори қобили мулоҳиза ҳамовозӣ мекунанд, ин навбат низ аз чорабинии мазкур дар канор намонданд. Азбаски онҳо дар раванди хизматрасонӣ бо шумораи зиёди одамон имкони дар муошират буданро доранд, тасмим гирифта шуд, ки имкони мазкур самаранок истифода шавад. Биноан, кормандони филиали Ширкат гарданбандҳои аз лиҳози ранг ба чорабинии мазкур рабтдоштаро пӯшида, бо ин амалашон ҳамдилии худро иброз доштанд. Ҳамрадиф бо ин, дар сомонаи филиали Ширкат рамзи чорабинии мазкур ҷойгузин карда шуд ва кормандон дар паҳн намудани иттилои ба масъалаи пешгирии зӯорварӣ нисбат ба занон саҳм гузоштанд.
Дар маҷмӯъ, чорабинии зикршуда муҳиму сариваќтӣ буда, мардони моро водор менамояд аст, ки ҳифзу арҷгузори оиларо ҳамчун падидаи муҳимтарини иҷтимоӣ дар мадди назар қарор дода, бо қавииродагӣ, ҳамқадами замон будан, арҷ гузоштан ба ҳуқуқҳои модар, ҳамсар ва хоҳару дигар пайвандони худ моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷикро ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд бегазанд нигоҳ доранд.