КОРМАНДОНИ «IRS» ДАР РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БА ТАЪХИР РОҲ НАМЕДИҲАНД

27 июни соли 2017, дар натиҷаи боридани борони пай дар пайи шиддатнок, ки ба омадани сел дар К188+800 роҳи автомобилгарди Душанбе Чаноқ боис гардид, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Хуҷанд ҷониби Душанбе муваққатан қатъ гардид. Ба ғайр аз ин, дар К195+100, К196+800 фурӯравии ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал омада, дар К191+250 баромадгоҳи қубури обгузар шуста шуд. Аз лаҳзаҳои аввали рух додани офати мазкур бо супориши роҳбарияти филиали Ширкат кормандони Намояндагии филиали Ширкат баҳри бартараф намудани он камари ҳиммат баста, бо ин мақсад кормандон ва техникаву механизмҳои заруриро сафарбар намуданд. Раванди корҳои бартарфсозӣ таҳти назорати бевоситаи Директори филиали Ширкат Асомиддин Азизов қарор дошт ва ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани пайомадҳои офати фавқуззикр аз тамоми имкониятҳои филиали Ширкат самаранок истифода гардид. Ибтикороти амалишуда замина фароҳам оварданд, ки дар муддати кӯтоҳ (2 соат) роҳ пурра тоза шуда, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин карда шуд. Далелу арқоми мазкур аз азми қатъӣ ва нияти неки роҳбарияти филиали Ширкат вобаста ба нигоҳдории роҳи мавриди назар гувоҳӣ медиҳанд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо