Тармаҳо бетаъхир бартараф шуданд
Имрӯз (5 декабр) дар натиҷаи боришоти шадиди барф дар километрҳои 62,65,69-уми роҳи Душанбе – Чанок тармафароӣ ба амал омад. Кормандону техникаҳои филиали Ширкат филфавр ба макони тармафароӣ сафарбар шуда, дар як муддати кӯтоҳ онҳоро бартараф намуданд.
Дар навбати худ, ронандагону мусофирон ба роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат барои масъулиятшиносӣ ва бетаъхир чораандешӣ намуданашон арзи сипос намуда, гуфтанд, ки воқеан ҳам, роҳи Душанбе – Чанок дар симои филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад.
Тибқи иттилои дастрасшуда, баланди барф дар масири роҳи Душанбе –Чанок қобили мулоҳиза буда, айни замон низ боришот идома дорад. Дар маҷмӯъ, азми қавӣ ва масъулиятшиносии кормандони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам овард, ки онҳо дар як муддати кӯтоҳ тармаҳоро бартараф ва роҳро аз барф тоза намоянд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки мушкилиҳо хеле зиёд буданд, вале дар қиболи кормандони масъулиятшинос ва техникаҳои пуриқтидоре, ки барои рафъи ин ҳолат сафарбар шуда буданд, тармаҳои фаромада ва боришоти шадиди барф оҷиз монданд. Айни замон роҳ кушода ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт таъмин аст.
Бо дарназардошти нукоти зикргардида метавон гуфт, ки кормандони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати хешро вобаста ба нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодаанд.