БОЗ ЯК ДАЛЕЛИ МАСЪУЛИЯТШИНОСИИ МАСЪУЛИНИ "IRS"

Тавре пештар иттилоъ дода будем, шуруъ аз рӯзи аввали фасли баҳор дар масири Душанбе - Чаноқ бориши барф пуршиддати барф оғоз гардида, боиси тармафароии зиёд гардид. Кормандони "IRS", новобаста аз хатарҳои зиёд тавонистанд, ки тармаҳоро бетаъхир бартараф ва ҳаракати нақлиётро тавассути роҳи мазкур таъмин намоянд.
Ҷоиз ба зикр алоҳида аст, ки аз оғоз то анҷоми корҳои бартарафсозӣ роҳбарияти "IRS", хоса директори он Нодирҷон Сафаров шахсан иштирок намуда, дар наҷоти ронанда ва панҷ мусофире, ки зери тарма монда буданд, саҳми босазо гузошт. Ин маротибаи аввал нест, ки номбурда дар чунин ҳолатҳо паҳлуи кормандони одӣ қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, бо ин амалӣ роҳбари "IRS" бори дигар собит гардид, ки рӯзҳои аввали фаъолият масъулиятшиносӣ аз авлавияти ин ширкат буду ҳаст . Бар замми ин, бо нишони арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ, тибқи супориши роҳбарияти филиали Ширкат ба ронандагону мусофирони автомобилҳое, ки интизори кушодашавии роҳ буданд, озуқа дастрас шуд.
-Омодагии филиали Ширкат ба ин мавсим хеле ҷиддӣ ва ҳамаҷониба буда, дар ин раванд таваҷҷуҳи хоса ба сатҳи омодагӣ ва ҳолати кории техникаву механизмҳо зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилағжиш ва сӯзишворӣ захира шуд. Биноан, бо дарки масъулият мегӯем, ки рисолати хеш - нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанокро минбаъд низ дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро хоҳем кард,- таъкид кард Нодирҷон Сафаров.
Овардани далели мазкур ба худситоӣ умуман дахл надошта, мақсад комилан муътақид намудани шаҳрвандон ба масъулиятшиносии кормандон ва роҳбарияти "IRS" маҳсуб мешавад.
Дар робита ба ҳолати мазкур 242 адад техникаи роҳдории филиали Ширкат дар ҳолати омодабош буданд. Гуфтан бамаврид аст, ки танҳо аз километри 48 то 84-уми роҳ 44 техникаи пуриқтидори филиали Ширкат фаъолияти шабонарӯзӣ доштанд. Дар ин замина, тайи рӯзҳои охир аз тарафи кормандони филиали ширкати зиёда аз 45 тармаи хурду калон бартараф гардид. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар баъзе ҳолатҳо паҳноии тармаҳо зиёда аз 200 ва баландиашон то 10 метрро ташкил медиҳад. Илова бар ин даҳҳо автомобил бо кумаки техникаҳои «IRS» аз банди тарма раҳо шуданд.
Мардуми зиёд, ки ҷаҳду талоши кормандони филиали Ширкатро шоҳиди ҳол буданд, ба ин тадбирандешӣ таҳсин хонданд. Муҳимтар аз ҳама, ронандагону мусофирон эътироф карданд, ки маҳз ба шарофати кормандони масъулиятшинос ва техникаҳои пуриқтидоре, ки барои рафъи ин ҳолат аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» сафарбар шуданд, тармаҳое, ки ҳаҷмаш қобили мулоҳиза маҳсуб мешуд, дар муддати кутоҳ бартараф гардиданд.
- То ин замон мепиндоштем, ки сохторҳои дахлдор вобаста ба боришот ва тармафароӣ аз ҳад зиёд воҳима мекунанд, вале воқеиятро бо чашми худ дидему ба даҳшат афтодем. Дар ин ҳолат ягона умед кормандону техникаҳои пуриқтидори «IRS» буд, ки ба маънои томаш ба дили ронандагону мусофирон шуълаи умед мекиштанд. Воқеан ҳам роҳи Душанбе - Чанок дар симои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад. Ин корҳоро нодида гирифтан беинсофӣ аст. Дидем, ки онҳо кормандон хеле масъулиятшиносанд, ба ронандагону мусофирон бо алфози ширин муносибат мекунанд. Ҷаҳду талош доранд, то роҳ кушода ва дар ҳолати хуб қарор дошта бошад. Аҳсан ба онҳо!,- гуфтанд ронандагону мусофирон.
Чунун қадршиносӣ далели возеҳи он аст, ки ин нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ, ки дар ҷисми кишвар шабеҳи шоҳраг аст, аз ҷониби кормандони «IRS» дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро шуда истодааст. Вале бояд мадди назар дошт, ки кушода шудани роҳ маънои хотимаи шабзиндадориву фарҷоми афзоиши сарбории кормандони филиали Ширкатро надорад. Зеро ҳар лаҳза хавфи фаромадани тарма мавҷуд буда, онҳо доимо ба тадбирандешии бетаъхир омодаанд. Аз он ки масофаро коҳиш дода, қалбҳоро бо ҳам мерасонанд, ифтихорманданд. Ба онҳо барору комёбӣ таманно дорем.