ҚАВЛУ  АМАЛИ РОҲНИГОҲДОРОН

 

 

Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият масъулиятшиносӣ дар сархати авлавияти филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”  қарор дошту дорад. Далел: Имрӯз (25 феврали соли 2025) дар масири Душанбе - Чаноқ 14 тармаи хурду бузург фаромад. Ба макони тармафароӣ фавран техникаву механизмҳо сафарбар шуданд.  Масъулин қариб ҳама он ҷо буданд. Корҳои бартарафсозӣ зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарият қарор дорад. Аз суханони масъулин маълум гардид, ки паҳноии  тармаҳо, ҳар яке  то  60  метр ва баландиашон 8 -10 метрро ташкил медиҳад. Техникаи пуриқтидори филиали Ширкат машғули бетаъхир тармаҳоро тоза карданд Мардуми зиёд, ки  ҷаҳду талоши кормандони филиали Ширкатро шоҳиди ҳол буданд,  ба ин тадбирандешии бетаъхир  таҳсин хонданд.

  Муҳимтар аз ҳама, ронандагону мусофирон эътироф карданд, ки маҳз ба шарофати кормандони масъулиятшинос ва техникаҳои пуриқтидоре, ки барои рафъи ин ҳолат аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» сафарбар шуданд,  тармаҳое, ки ҳаҷмашон қобили мулоҳиза маҳсуб мешуд, дар муддати кутоҳ бартараф гардид. Хушбахтона, дар натиҷаи ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ  ва моддӣ нарасид.

- Воқеан ҳам роҳи  Душанбе – Чанок дар симои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад. Ин корҳоро нодида гирифтан беинсофӣ аст. Дидем, ки онҳо (манзур - кормандони филиали Ширкат) хеле масъулиятшиносанд. Ҷаҳду талош мекунанд, то роҳ кушода  ва дар ҳолати хуб қарор дошта бошад. Кормандон ҳамеша дар такопӯ буда, ба ронандагону мусофирон бо алфози ширин муносибат мекунанд. Аҳсан ба онҳо!, - гуфтанд ронандагону мусофирон.

Мавриди зикр аст, ки боришоти барфу борон дар масири роҳи Душанбе – Чанок аз дирӯз -  феврал шурӯъ гардида, бемайлон идома дорад. Табиист, ки чунин ҳолат аз кормандони филиали Ширкат истифодаи густурдаи неру ва техникаву механизмҳои мавҷударо, ки теъдодашон зиёда аз 242 ададро ташкил медиҳад, тақозо менамояд. Метавон гуфт, ки ин рисолат аз ҷониби онҳо дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро шуда истодааст.  Дар навбати аввал, техникаҳои филиали Ширкат роҳро аз барф тоза намуда, пошидани маводи зиддилағжиш мунтазам ҷараён дорад.   Ҷоиз ба зикр аст, ки омодагии филиали Ширкат ба ин мавсим хеле ҷиддӣ ва ҳамаҷониба буда, дар ин раванд таваҷҷуҳи хоса  ба сатҳи омодагӣ ва ҳолати кории техникаву механизмҳо зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилағжиш ва сӯзишворӣ захира шуд. Биноан, бо дарки масъулият мегӯем, ки рисолати хеш - нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанокро минбаъд низ дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро хоҳанд  кард. Хотиррасон мешавем, ки дар мавсими сармо кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза теъдоди зиёди тармаҳои хурду бузург ва кӯҳпораҳои фаромадаро бетаъхир бартараф мекунанд.

Баъд аз чанд соати «ҳарб»-и кормандону техникаҳои  филиали Ширкат бо тарма роҳ кушода шуд. Вале бояд мадди назар дошт, ки кушода шудани роҳ маънои хотимаи шабзиндадориву фарҷоми афзоиши сарбории кормандони филиали Ширкатро надорад. Зеро ҳар лаҳза хавфи фаромадани тарма мавҷуд буда, онҳо доимо ба тадбирандешии бетаъхир омода буда, аз он ки масофаро коҳиш дода, қалбҳоро бо ҳам мерасонанд, ифтихорманданд. Ба онҳо барору комёбӣ таманно дорем. Хаста набошед!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо