Ҳамдигарфаҳмӣ замина барои ҳалли мушкилот аст
Тавре ҳамватанони азиз шоҳид ҳастанд, шурӯъ аз 26 ноябри соли равон дар мамлакат боришоти барф ба падидаи маъмул табдил ёфт. Аз он ки роҳи Душанбе – Чанок, хоса аз километри 62 то 84 –ум дар минтақаи аз офатҳои табиӣ сахт осебпазир ҷойгир аст, табиист, ки сарбории кормандони филиали Ширкатро дучанд менамояд. Сарфи назар аз ин омил, кормандони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳаракати муназзаму бемонеаи воситаҳои нақлиёт дар ин ҷода бетаъхир чораандешӣ доранд. Дар навбати аввал техникаҳои филиали Ширкат роҳро аз барф тоза намуда, пошидани маводи зидди лағжиш таври густурда амалӣ шуда истодааст. Боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, як идда ронандагон бе омодагӣ (манзур набудани занҷир, аз ҷиҳати техникӣ ҷавобгӯйи талабот набудани ҳолати техникии воситаи нақлиёт ва ғайра аст) ба роҳ мебароянд. Ба одитарин қоидаҳои роҳ риоя намекунанд, ба самти муқобили ҳаракат мебароянд ва дар натиҷа ба мушкил мувоҷеҳ гардида, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд.
Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо айби чунин ронандагони худхоҳ ва саркаш тамбашавии воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд омада, ҳаракати воситаҳои нақлиёт як муддат манъ гардад. Табиист, ки дар чунин вазъият техникаҳои филиали Ширкат наметавонанд таври бояду шояд фаъолият кунанд. Ин ҳолатро ашхоси аз асли воқеа бехабар нодуруст бозгӯйӣ намуда, ба фаъолияти кормандони “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт медиҳанд ва борони маломатро сари кормандони мо мерезанд.
Таъкид менамоем, ки ибрози ин суханҳо чун худсафедкунӣ қабул нагардад. Мо рисолати хешро медонем, вазифаҳоямонро дарк кардаем, эҳтирому ронандагону мусофиронро таври бояду шояд ба ҷо меорем, фаъолиятро шабонарӯзиро ба роҳ мондаем, умури назоратро хеле ҷиддӣ роҳандозӣ намудаем вале эҳтироми ронандагон нисбат ба якдигар ва ҳамдигарфаҳмӣ бо кормандони филиали Ширкат аз лиҳози моҳият камтар аз омилҳои болозикр нест.
Лозим ба ёдоварист, ки дар раванди омодагиҳо ба мавсими сармо дар навбати аввал таваҷҷуҳ ба сатҳи омодагӣ ва ҳолати кории техникаву таҷҳизот зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилағжиш ва сӯзишворӣ захира шуд. Ҳамрадиф бо ин, кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони мустақаршудаашон ба миқдори зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст. Хулоса ин аст, ки танҳо дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байниҳамдигарӣ метавон ба рафъи кулли мушкилот ноил шуд.