МАСЪУЛИЯТШИНОСИИ IRS БОЗ ЧАНД НАФАРРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД
Деворҳои ҳимоявӣ, ки бо ибтикори филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар шоҳроҳи Душанбе – Чанок бунёд шуда, дарозиашон айни замон ба зиёда 16000 метр расидааст, аллакай нафарони зиёдеро аз марг вораҳонидааст.
Иттилоъ медиҳем, ки панҷуми январи соли равон, дар километри 127 - уми роҳи Душанбе - Чаноқ (ҳудуди ноҳияи Айнӣ) ду мошини боркаш бо ҳам бархӯрданд. Маҳз мавҷудияти деворҳои ҳимоявии зикршуда боис гардид, ки ба коми дарё рафтани автомобилҳо ва ҳалок шудани ронандагону мусофирон пешгирӣ гардад.
Лозим ба ёдоварист, ки бунёди чунин деворҳо идомаи мантиқии фаъолияти бунёдкоронаи "IRS" буда, далели возеҳи он аст, ки воқеан ҳам, роҳбарияти Ширкат нисбат ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ дилсӯзона муносибат намуда, ҳаргиз бетарафӣ ва бетафовутиро ихтиёр накардааст.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳодисаи ягона набуда, дар давоми фаъолият 15 ҳодисаи ба чунин деворҳо бархӯрдани воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Ба ибораи дигар, ба шарофати деворҳои ҳимоявии Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба коми дарё рафтани 15 автомобил ва ҳалок шудани зиёда аз 48 нафар пешгирӣ карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳар як парапет зиёда 2,5 тонна вазн дошта, дар ҳолати бархӯрди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автомобилҳои гаронвазнро устувор мемонад.
Бо назардошти муҳимияти масъалаи мавриди назар роҳбарияти филиали Ширкат ин масъаларо мадди назар қарор дода, гузоштани чунин деворҳо идома дорад.
Овардани ин далелҳо ба он хотир аст, ки ҳамватанони азиз ба масъулиятшиносии филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муътақид гарданд, зеро ҷаҳду талоши кормандони он ба таъмини ҳаракати бехатари нақлиёт дар ин масир нигаронида шуда, онҳо дар ин ҷода собитқадаманд.