САФАРАТОН БОБАРОР ХОҲАД БУД, АГАР … Тавсияҳои IRS ба ронандагон бинобар фаро расидани мавсими сармо
Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”( IRS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, сарфи назар аз вазъи обу ҳаво, фаъолияташро чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ мондааст. Масъулини IRS борҳо гуфта буданд ва иловатан таъкид менамоянд, ки маҳз бетафовутии як идда ба тавсияҳо дар бобати бе омодагии ҷиддӣ ба роҳ набаромадан, худдорӣ кардан аз сафар бо воситаҳои нақлиёти бидуни тири пешбар, ба ҷой овардани эҳтироми ҳамдигар боиси ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ мегардад.
Табиист, ки дар чунин ҳолат ашхоси аз асли масъала ноогоҳ борони маломатро сари филиали Ширкат мерезанд. Аз ҷониби дигар, дар ҳолати мазкур техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат наметавонанд сари вақт ба маконе, ки дар он ҷо боришот шадид аст, сафарбар шаванд. Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки гуфтаҳои мазкурро ҷиддӣ қабул накарда, аксар маврид онро худсафедкунӣ арзёбӣ менамоянд.
Бамаврид аст ёдовар шавем, ки ҳамкории филиали Ширкат бо Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шудааст. Эътироф бояд кард, ки ба шарофати чунин ҳамкорӣ солҳои охир ҳодисаҳои зери тарма мондану ба ҳалокат расидани мусофирону ронандагон қариб, ки рух намедиҳад.
Баъзеҳо иддао доранд, ки чун роҳи Душанбе - Чанок пулакӣ аст, бояд 24 соат кушода бошад. Андешае, ки ба он наметавон розӣ шуд, зеро филиали Ширкат дар баробари дигар уҳдадориҳо барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирон низ масъулият дорад. Мо ба ҳеҷ ваҷҳ дар рӯзҳое, ки хавфи тармафароӣ хеле зиёд аст, бо иҷозаи ҳаракат додан ҳаёти ҳамватанонамонро зери хатар намегузорем.
Бинобар ин, давоми 4 соли охир дар асоси тавсия, пешгӯйӣ ва хулосаи Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии давлатии автомобилӣ дар сурати зиёд будани хавфи тармафароӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта мешавад.
Ронандагоне, ки дар чунин рӯзҳо азми сафар доранд, бояд:
- ҳолати техникии мошини худро ҷиддӣ аз назар гузаронанд, то дар роҳ ба мушкил мувоҷеҳ нашаванд;
- иқтидори акумляторро санҷанд;
- чархҳои зимистона насб намоянд, ронандагони мошинҳои боркаши калон ҳатман занҷирҳои зидди яхбандӣ гиранд;
- ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе - Чаноқ дар қиёс ба мавсими гармо фосилаи бештар гиранд ;
- агар мошинашон ба мавсими сармо омода нест, беҳтар аст муваққатан аз сафар худдорӣ намоед;
- тавсияҳои кормандони IRS, БДА ВКД ҶТ, КҲФ-ро дар мавриди маҳдуд будани ҳаракати мошинҳо ҳангоми мавҷудияти эҳтимолияти тармафароӣ, лағзиши кӯҳпора ва сангфароӣ бечунучаро риоя намоянд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз ронандагон хоҳиш менамоем, ки бидуни омодагие, ки фасли сармо тақозо дорад ва бо автомобилҳое, ки тири пешбар надоранд ба роҳ набароянд, зеро дар баробари он ки худашон ба мушкил мувоҷеҳ мегарданд, ҳамзамон ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд.
Боварӣ дорем, ки ронандагону мусофирони гиромӣ ба иқдомоти филиали Ширкат, ки идомаи мантиқии ибтикори вобаста ба таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт қаблан амалишуда маҳсуб мешавад, дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ муносибат хоҳанд кард.