АЗ РОҲИ ДУШВОРГУЗАР ТО ШОҲРОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

  “Барои таъмин намудани рафтуомади бе мамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои  мамлакат, инчунин раҳоӣ  бахшидани мамлакат аз бунбасти комммуникатсионӣ ва ба давлати  транзитӣ табдил додани он  59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи  24 миллиард   сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, шаш нақби мошингузар ва 219  километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд. Бо амалӣ намудани корҳои мазкур мо  соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид  табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои  ҳамсоя ва дигар мамлакатҳои дуру  наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем”. Ин иқтибос аз Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки  21 декабри соли 2021 манзур  шуда буд.

Азнавсозии шоҳроҳи Душанбе- Чаноқ ҷузъе аз ин раванд буда, дар заминаи ин иқдоми дурандешона  яке аз қисматҳои асосии Роҳи бузурги абрешим эҳё шуд. Далели раднопазир аст, ки маҳз  азми қавӣ, иродаи хастагинопазир ва нияти неки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро шудани ин иқдом  асос гузошт.

Аз лиҳози моҳият роҳи мавриди назар дар ҷисми мамлакат шабеҳи шоҳраг буда,  кишварҳои ҳамсоя, марказҳои калони саноатӣ, тиҷоративу туризми байналмилалӣ, бандарҳои баҳрии қаламрави Осиёву Аврупоро ба ҳам пайваст менамояд ва барои ҳамлу нақли бевоситаи байналмилалӣ имконият фароҳам овард.

Лозим ба ёдоварист, ки 11 июли соли 2006 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими оғози корҳои лоиҳа дар ноҳияи Варзоб ё худ километри 33-юми роҳи автомобилгарди мазкур баргузор шуда буд.

Дар ин рӯзи таърихӣ Сарвари давлат сухан гуфта, аз ҷумла иброз намуданд: “Шоҳроҳи мазкур дар қатори роҳҳои бузурги Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим  пайдо карда, тамоми пойтахтҳои кишварҳои ҳамсоя, марказҳои калони саноатӣ, тиҷоративу туризми байналмилалӣ, бандарҳои баҳрии қаламравии Осиёву Аврупоро бо ҳам пайваст менамояд ва барои ҳамлу нақли бевоситаи байналхалқӣ имконият медиҳад». Инчунин таъкид карданд: «Манфиати иқтисодиву иҷтимоии ин роҳ ҳам барои мардум ва ҳам барои кишварамон дар ояндаи наздик хеле назаррас хоҳад гашт”.

Таҷдиди роҳи мазкур ду солро дар бар гирифта,  моҳи августи соли 2008-ум ба истифода дода шуд. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ, таҷдиди шоҳроҳ ва мавриди  истифода қарор гирифтани он бори дигар ҳақиқати ин суханҳо ва дурустии сиёсати бунёдкоронаи Роҳбари мамлакат барои ҳама, хоса нотавонбинон  возеҳ гардид.

Эътироф бояд кард, ки   он замон  ба бунёди чунин шоҳроҳи бузург на ҳар  кас хушбин буд. Ҳатто баъзе мутахассисони соҳаи роҳсозиву пулсозиву нақбсозӣ иҷрои лоиҳаи мазкурро зери шубҳа мебурданд. Дар рафти сохтмону таҷдид низ доираи ҳангомаҳову шубҳаҳоро васеъ карданду зиёд. Хушбахтона, шоҳроҳ сохта шуд.

Касе инкор карда наметавонад, ки роҳи мазкур то босзозӣ шудан душворгузар маҳсуб мешуд. Мардум  азобҳои дар роҳҳои пурпечутобу хатарноки Душанбе-Айнӣ-Панҷакент, Душанбе -Айнӣ-Хуҷанд, махсусан ағбаи Анзоб кашидаашонро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунанд. Мусофирону ронандагон ҳафтаҳо  дар Майхӯра  ё  мавзеи «Ветерок»-и ноҳияи Айнӣ шабҳоро рӯз мекарданд. Аз сабаби зиёд будани теъдоди мусофирон ҳама тавассути тайёра ба шаҳри Хуҷанд рафта наметавонистанд. Ба шаҳри Панҷакенту ноҳияи Айнӣ дар фасли зимистон аз Душанбе ва Хуҷанд рафтуомад  имконнопазир гардида, танҳо ба воситаи шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкони ба водии Зарафшон рафтан мавҷуд буд.

Аз ҷониби дигар, вазъи ногувори роҳ боиси он мегардид, ки ронандагон хароҷоти зиёдатӣ намоянд. Бинобар ҳолати ногувори роҳ мошинҳо сарфи назар аз сабукрав ва ё боркаш будан, зуд - зуд вайрон шуда, боиси нороҳатӣ ва хароҷоти зиёдатӣ мегардид.

Дар кишвар  роҳи дигар  вуҷуд надорад, ки мисли роҳи Душанбе Чанок иншооти зиёд дошта бошад. Дидани роҳ, пулҳои бузург, долонҳои зиддитармавӣ ҳатман касро водор месозад, ки биандешад ва мутмаин гардад, ки  роҳсозӣ низ яке аз соҳаҳои санъат мебошад.

Ин роҳ бо ҳамаи иншооташ бисёр зебо аст ва ин зебоӣ аз бинанда дил мебарад. Бо ин роҳу иншооти бузургаш метавон ифтихор кард. Кӯҳҳои бузургу бас баландро шикофтанду роҳ сохтанд. Дар мавзеи Майхӯра нақби «Дӯстӣ» арзи ҳастӣ кард. Дарозтарин нақби кишвар - нақби Шаҳристон мавриди истифода қарор гирифт. Дар болои дарёи Сир - шаҳри Хуҷанд пули бузургу замонавӣ сохта шуд.

Пули ноҳияи Айнӣ низ бо санъати баланди эъмораш  моро водор менамояд, ки иқтидори инсонро бори дигар бештару беҳтар эътироф созем.  Дар ин маврид гузашта низ пеши назар меояд. Роҳҳои харобу ранҷҳои беҳисоб, шукр, ки пушти сар шуданд. Кунун одамон ба дидори ҳамдигар бе мушкилӣ мерасанд.

Ба ин ҳама бояд шукр гуфт ва  эътироф бояд намуд, ки ин дастовардҳо туфайли истиқлолият моро насиб гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки ояндаро пештару бештару беҳтар аз мо мебинанд, меъмори ин шоҳкорӣ мебошанд. Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки солҳое, ки мо дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ будем, ин орзуи деринаи сокинони сарзамини бостонии мо ҷомаи амал напӯшида буд.

Бо гузашти 15 сол, бо назардошти  корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи шартномаи конссесионӣ нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ ба зиммааш вогузор аст, манфиатовар, тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи мавриди назар  дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади мунтазаму бехатари шаҳрвандон тамоми  сол таъмин аст. 

Ҳанӯз дар марҳилаи аввали фаъолият ба дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият зиёда аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда,  минбаъд, ин нишондиҳанда ба маротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали Ширкат ба 242 техникаву механизм расида, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла «Тексидел» дар раванди фаъолият таври густурда технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад. Дар баробари ин омилҳо, филиали Ширкат ба мактаби омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи роҳнигоҳдорӣ табдил ёфта, роҳбарияти он тасмим доранд дар оянда ба тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.   Ҷанбаи дигари мусбат он аст, ки ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали Ширкат  ҳаракати бехатару муназзами мошинҳо таъмин гардида, дар натиҷаи фароҳам омадани шароити мусоид интиқоли молу маҳсулот, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисоди бозорӣ аст, афзуд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки интихоби филиали Ширкат  барои амалӣ намудани ин лоиҳа дар заминаи ҷавобгӯи талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон будани он сурат гирифтааст. Он замон масъулини маълумоти аниқро  бобати  миқдори миёнаи солонаи нақлиёте, ки ин роҳро  убур  менамоянд, дар ихтиёр  надоштанд. Сониян, ин роҳ ба гурӯҳи роҳҳои дараҷаи сеюм - роҳе, ки нигоҳдории серхарҷ ва аз офатҳои табиӣ зиёд осебпазир мебошад, дохил мешавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки марҳилаҳои аввали ислоҳот ва амалигардонии чунин лоиҳаҳо мушкилотро,  ба монанди норозигии шахсони алоҳида, ки асосан манфиатҳои шахсиашонро аз манфиатҳои ҷомеа боло мегузоранд, ба миён меорад.

Маъмулан ҳукумати кишварҳои рӯ ба рушд дар заминаи татбиқи чунин лоиҳаҳо, ки аксар маврид бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мешавад, ҳолати роҳҳоро беҳтар менамояд. Бояд дарк намуд, ки чунин тарзи кор (манзур ҷорӣ намудани низоми толлингии истифодаи роҳҳо аст) дар ҳар кишвар махсусияти худро дорад.

Дар марҳилаи аввал баъзе иддао мекарданд, ки бидуни мавҷудияти роҳи алтернативӣ ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи матлаб нест. Ин тоифа шояд намедонанд, ки роҳи Душанбе – Чанок аз лиҳози релефи ҷойгиршавӣ махсусияти худро дорад, ки мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро то андозае имконнопазир мегардонад. Бояд дарк намуд, ки дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр эъмор намудани роҳи ба истилоҳ "алтернативӣ " мантиқан ва моҳиятан зери суол аст.

Сониян, бунёди роҳи алтернативӣ, хоса масири Душанбе - Чанок, ки аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон мегузарад, кори саҳлу сода нест. Муҳимтар аз ҳама, нигоҳдории роҳи "алтернативӣ" низ хароҷоти  бениҳоят зиёд дошта, сарбории масрафи маблағҳои буҷавиро зиёдтар менамояд. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои Буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла, пардохти қарз, амалӣ шудааст.Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии Давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи дувуми вогузор гардид.

Хушбахтона, дар заминаи пеш бурдани корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва хизматрасонии босифат, ки ба масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ асос ёфтааст,  мушкилот ва монеаҳои сунъӣ рафъ гардид.  Матолиби дар ВАО нашршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки солҳои охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ  рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. 

Зикр кардан бамаврид аст, ки фаъолияти асосии Ширкат на дар плазаҳои толлингӣ, балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза садҳо мутахассисони соҳибтаҷриба – устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонидаи Ширкат ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад. Ҳар се километри роҳ ба як коргар, ки бо либосҳои зимистонаву тобистона, асбобҳои корӣ, воситаҳои мухобиротӣ (алоқа) таъминанд, вобаста гардидааст. Коргарон дар навбати худ муваззаф гардидаанд то қисмати ба онҳо вогузоштаро чун гавҳараки чашм нигоҳубин кунанд.

Нуктаи муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳояш имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор дошта, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст.

 Дар маҷмӯъ, фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтддошта мусоидат намуд, балки андешаи моро дар мавриди нигоҳдории роҳ  комилан мусбат кард.

  

Далер АБДУЛЛО,

 журналист

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо