КОРМАНДОНИ "IRS" МОШИНИ ШАҲРВАНДРО АЗ СУХТАН НАҶОТ ДОДАНД

 

 

  Сеюми ноябри соли равон дар плазаи марбут ба филиали Ширкат (минтақаи"Ҳушёрӣ") сухтори автомобили сабукрав ба амал омад. Муҳим он аст, ки кормандони мо фавран ба кумаки соҳиби автомобил расида, онро аз нобудшавӣ наҷот доданд. Хушбахтона,  бар асари ҳодисаи мазкур касе осеб надида, ба воситаи нақлиёт низ зиёни чашмрас нарасид. Дар ин робита зикр кардан бамаврид аст, ки дар баробари дигар масоил, маъулини "IRS" ба пешгирии чунин ҳолат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, корҳои амалигардида шоистаи таҳсинанд.

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, 10 феврали соли 2017 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардида буд, ки дар он ҳамрадиф бо дигар масъулин, директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши ҳодисаҳои табиӣ дар давоми панҷ соли охир, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди иқтисодӣ дар пай гузоштанд, изҳори таассуф карда, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, пешгирӣ аз хавфу хатарҳои ба рушди иқтисодиёти мамлакат таъсиррасон ва дастгирию кумаки ҳамаҷонибаи аҳолии зарардидаро аз тадбирҳои меҳварӣ ва муҳими сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, сохторҳои дахлдор, аз ҷумла роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии  «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тавсеа бахшидани корҳо дар робита ба таъмини бехатарии шаҳрвандон  муваззаф намуда буданд. 

 Дар ин замина, филиали Ширкат автомобили махсуси сӯхторхомӯшкуниро, ки ҷавобгӯйи талаботи замони муосир аст, харидорӣ ва барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ба нақби «Шаҳристон» сафарбар карда буд. Автомобили мавриди назар ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои табиӣ, хусусан наҷоти одамон ва таъмини амнияту бехатарӣ истифода шуда истодааст.

 Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки автомобили мазкур намунаи навтарину беҳтарини чунин техникаҳо маҳсуб шуда, дар асоси тавсияи мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шуд. Барои фаъолияти муназзами он бо ибтикори роҳбарияти филиали Ширкат дастаи махсуси оташнишонҳо (иборат аз 15 воҳиди корӣ) таъсис ёфта, нигоҳдории даста ва пардохти музди меҳнати аъзои он аз ҷониби "IRS" амалӣ мегардад. Дастаи мазкур дар нақби «Шаҳристон» мустақар шуда, барои онҳо макони будубош омода шудааст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо