КОРМАНДОНИ «IRS» УМУМАН БЕКОР НАМЕМОНАНД, ЗЕРО ...

 

 

Агар фаъолияти кормандони «IRS»-ро беғаразона мавриди таҳлил қарор гираду хулоса аз ҷониби онҳое баён гардад,  ки аз  вазъи роҳи Душанбе – Чаноқ солҳои пеш низ огоҳ буданд пас метавон гуфт, ки масъулияти онҳо дар ягон мавсими сол кам намегардад. Ба ибораи дигар,  аҳли ин ширкат ягон вақт бекор нестанд.  Зеро   бо мусоид гардидани обу ҳаво дар фаъолияти «IRS» таъмири таҷдиди роҳ мақоми меҳварӣ касб карда, дар мавсими сармо  таваҷҷуҳи масъулин ба рафъи пайомади тармафароӣ, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш равона мешавад 

Далелу рақамҳо гувоҳи онанд, ки имсол низ мавсими таъмиру таҷдиди роҳ бо нишондиҳандаҳои арзанда ва барзиёд ҷамъбаст гардид. Ба шарофати масъулиятшиносии кормандони “IRS” дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд  даҳҳо километр роҳ таъмири куллӣ ва садҳо километр таъмири ҷорӣ гардид. Барои дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардидани ин кор корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии марбут ба филиали Ширкат фаъолияти пурмаҳсул доштанду мутахассисон ҷаҳду талоши қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш.

Ҳоло  бошад роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд ҳолати техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағзишу  сӯзишворӣ мадди назар  аст. Илова бар ин, кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо   дар ҳаҷми  зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.

 Масъулини “IRS”   хуб дарк кардаанд, ки  айёми қаҳратуни сол марҳилаи ҳассос буда, дар сурати сари вақт омодагӣ  надидан ба  раванди фаъолият латма ворид хоҳад гашт. Бо ин мақсад  равон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои  иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” ба тасвиб расида, ҳадафи асосии ҳуҷҷати мазкур омода намудани тамоми соҳаҳо ва шаҳрвандон ба мавсими зимистон маҳсуб меёбад.

Бино ба гуфти масъулин, барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагиҳои филиали Ширкат захира намудани сӯзишвори дизелӣ, маводи зиддилағзиш  оғоз шуда,  ин раванд босуръат идома дорад. 

 Илова бар ин, ба миқдори зарурӣ чархи  резинии зимистонаи мошин ва механизмхои нигоҳдории роҳ дастрас ва насб гардида,  зарфхои захираи сӯзишворӣ, ки имкони нигоҳдории  қариб 600 ҳазор  литр чунин маводро доранд  баркарор  карда шуданд. Муҳимтар аз ҳама, техникаву механизм филиали Ширкат, ки теъдодашон 242  адад аст,   ба мавсими зикршуда пурра омодаанд.

   Лозим ба ёдоварист, ки нишондиҳандаҳои мазкур дар муқоиса ба солҳои қаблӣ тамоюли афзоишро касб намуда, ин  ҷанба имкон фароҳам меорад, ки рисолати филиали Ширкат - нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо