МОҲИЯТИ ВА ҲАҚИҚАТИ ФАЪОЛИЯТИ 15 – СОЛАИ “IRS”

 

 

 

 Роҳ ҳам мисли одам ба нигоҳубину ғамхорӣ ниёз дошта бунёдаш як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд  маҳсуб мешавад.Бинобар ин, 15 сол пеш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе-Чаноқро мавриди амал қарор диҳад ва  тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ба зиммаи  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  вогузор шуд.

Зарурати амалӣ намудани иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, ба хотири нигоҳ доштани вазъи роҳ ва роҳ надодан ба вайроншавии он аст, зеро баробари харҷи маблағи зиёд барои бунёди роҳ, ҳамзамон барои нигоҳ доштани он низ маблағи зиёд лозим аст. Ин ҳақиқатро дар аксари давлатҳо аллакай эътироф карданд. Институтҳои молиявии бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Созмони Милали Муттаҳид зимни пешбурди фаъолияташон ба нигоҳдории инфрасохтори роҳ аҳамияти хоса зоҳир мекунанд. Пажӯҳиши агентии «SANTRAL» собит намуд, ки  пас аз се соли таъмиру барқарорсозии роҳи автомобилгард барои нигоҳ надоштани он дар сатҳи зарурӣ 5 маротиба бештар маблағ лозим меояд, баъд аз 5 сол бошад, барои таъмири он 18 маротиба зиёдтар маблағ зарур аст.

Мақолаву гузоришҳои дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ  нашр ва пахшшуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ  рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. 

Дар давоми 15 соли фаъолият мардум боварӣ ҳосил намуданд, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамуда барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Дар ин муддат собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад. Маҳз ин омилҳо замина фароҳам оварданд,  ки ширкати мазкур дар нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ  комёб бошад ва назари мардум тамоюли мусбатшавиро касб намояд. Бинобар ин аксарият эътироф карданд ки:

   - Шукр,  ки дар симои “IRS” роҳи Душанбе – Чаноқ нигоҳбони боъэтимод пайдо карда, аз харобӣ эмин аст;

  “IRS” бо масъулиятшиносии худ ба ронандагоне, ки дар масир зиёд ҳаракат мекунанд моҳиятан як автомобили дигар туҳфа кардааст;

- Агар чанд соат дар интизори кушодани роҳ бошӣ, баъд мефаҳмӣ, ки ин ҳама зарур аст, маблағ пардохтмешуда барои нигоҳдории роҳ, сарф мегардад;

- Вақти харобии ин роҳ, яъне то замони ба зиммаи “IRS” вогузор шудани нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ  ҳоли баде доштем. Сару бадани худамон ва нақлиётамон пур аз хок мешуд;

- Агар пули тармими нақлиётро бар асари харобии роҳ шуморем, нисбат ба маблағе, ки алҳол ба ширкат медиҳем, зиёдтар аст;

- Агар сарфи вақтро дар ин роҳи чун оина ба назар гирем, хеле фоида ба даст овардем;

 - Ҳукумат аз мо беҳтар медонад, ки чӣ бояд кард. Ҳар сол пайдо кардани чандин миллион доллар барои нигоҳдории ин роҳ осон нест;

 - Агар нафъи 15 солаамонро аз ин роҳ, ки чунин ҳамвору озода менамояд, ҳисоб кунем, маблағи супоридаамон дар қиёс ҳеҷ арзише надорад;

- «IRS» бо масъулиятшиносии кормандонаш ба пайвандгари  қалбҳо табдил ёфтааст;

- Дар шабҳои сербориш ва тармафароии зиёд ягона умед чароғҳои равшани техникаҳои пуриқтидори «IRS» аст;

- Бо расидан ба маркази ноҳияи  Айнӣ ва ворид шудан ба роҳе, ки нигоҳдориаш ба зиммаи “IRS” аст, кас гумон мекунад, ки роҳи нав ба истифода дода шуда,  маҳз  ҳамин роҳ аст, на роҳи Айнӣ –Панҷакент;

- Пулакӣ шудани роҳ нархи роҳкироро на  афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд сафар мекунед, пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд;

-  Агар «IRS»  намебуд, шоҳроҳи байналмилалии Душанбе –Чаноқ кайҳо хароб мегардид.

 Дар маҷмуъ агар гӯем, ки 15 соли фаъолият барои «IRS»  марҳилаи санҷишу имтиҳонҳои ҷиддӣ, такомулу шаклгирии фаъолият, тавсеаи равобит, тамоюли афзоишро касб намудани нуфузу маҳбубият, пурқувват гардидани пойгоҳи техникӣ, саҳмгузорӣ дар ғановати Буҷети давлатӣ ва ғайра маҳсуб мешавад, муболиға нахоҳад буд. 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо