НАМУНАИ БАРҶАСТАИ ҲАМКОРИИ ДАВЛАТ БО БАХШИ ХУСУСӢ

 

 

15 соли фаъолият    собит намуд, ки кормандони “IRS”  вазифаи худро бо садоқат  ва ҳисси баланди масъулиятшинось иҷро карда, дар ин раванд  ба маънои том  қаҳрамониву фидокорӣ нишон доданд. Бинобар ин, мо   метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоем, ки  аҳли “IRS” аз бисёр имтиҳону озмоишҳо бо сари баланд гузашта, рисолати касбии худро бошарафона иҷро карда истодаанд. Бегуфтугӯ, рӯз то рӯз болотар рафтани мақому манзалати филиали Ширкат ва тамоюли афзоишро касб намудани маҳбубияти он миёни мардум, пеш аз ҳама, натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи кормандони он    мебошад.

Қобили таваҷҷуҳ ва арзандаи арҷгузорӣ аст, ки Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ ва сармоягузориро дар стратегияи рушди дарозмуддати худ яке аз афзалияти асосии сиёсати иқтисодӣ муайян карда, ба он пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Солҳои охир дар кишвар як силсила ислоҳот дар самти пешбурди соҳибкорӣ анҷом дода шуд, ки ба кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд. Аз ҷумла, ҷиҳати ташкили муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар сатҳи олӣ таъсис дода шуд ва фаъолияти он ба соҳибкорону сармоягузорон имконият медиҳад, ки андешаҳои худро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ мустақиман ба  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пешниҳод намуда, дар марҳилаҳои асосии қабул ва татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ иштирок намоянд. Аз ин лиҳоз чун сухан дар бораи «IRS»  равад,  пеш аз ҳама, бояд мадди назар дошта бошем, ки фаъолияти он бо мақсади таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ роҳандозӣ шудааст.

Аксарият хуб медонанд, ки нигоҳдории роҳ осон нест ва хароҷоти бениҳоят зиёд дорад. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои Буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла, пардохти қарз, амалӣ шудааст. Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии Давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи дувуми вогузор гардид. Мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамудаи аҳолӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Дар давоми 15 сол собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад.

Шоистаи зикр аст, ки маҳз  ба  шарофати фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкат хатарҳои қаблан дар роҳи Душанбе – Чанок мавҷуда бартараф шуда, аҳолӣ  тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор мебошанд.  Таъмини ҳаракати бемонеаву  бехатари воситаҳои нақлиёт, рушди инфрасохтори роҳҳо аз ҳадафҳои Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон буда, мо дар ин ҷода собитқадамем. Нуктаи муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани  вазифаҳояш  имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаи пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода мебарад. Бояд гуфт, ки фаъолияти Ширкат мисли оина ба ҳама равшан аст. Ба ибораи дигар, мо тавре фаъолият дорем, ки бурду бохт ва нақшаҳоям барои ҳама баръалост.

 Харидории техникаҳои пуриқтидору замонавӣ, ки айни замон теъдодашон ба 242  адад расидааст, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди плазаҳои нав ба ҷои плазаҳои айни замон амалкунанда, ҷалби мутахассисони болаёқат барои фаъолият дар филиали Ширкат, тавсеаи равобити байналмилалӣ, густариши амалҳои хайриявӣ ва ғайра аз ҷумлаи ибтикоре мебошанд, ки дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намудем. Илова бар ин,  таъмиру таҷдид дар фаъолияти мо масъалаи меҳварӣ маҳсуб шуда, раванди муттасил аст. Ҳамасола садҳо километр роҳи мавриди назар таъмири асосӣ ва ҷорӣ шуда, ҳамрадиф бо таъмири роҳ, азнавсозии пулҳои ин масир низ дар маркази диққат қарор дорад. Ашхоси огоҳ фарқияти таъмири ҷориро аз таъмири куллӣ хуб дарк мекунанд, зеро дар раванди таъмири куллӣ роҳ қариб, ки аз нав бунёд мегардад.  Ҳоло дар филиали Ширкат зиёда аз 800 нафар фаъолият доранд.

 Ифтихормандем, ки Фаъолияти намунавӣ ва пурмаҳсули  филиали Ширкат борҳо аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфуз дар сатҳи байналмилалӣ қадрдониву арҷгузорӣ шудааст.Ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ташкилоту идораҳои марбута имкон фароҳам овардааст, ки заминаи моддӣ – техникӣ ва малакаи касбии кормандон беш аз пеш такмил  ёбад. Дар сатҳи ҷумҳурӣ низ бо вазорату идораҳо ва кумитаву муассисаҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати нақлиёт, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик», Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ғайра  ҳамкориҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намудаем.

 Самараи мусбати чунин иқдомот имрӯз баръалост ва аҳли ҷомеа низ рӯз то рӯз моҳият, ҳадаф ва бартарии фаъолияти ширкатро бояду шояд дарк намуда истодаанд. Дар навбати худ мо тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, то ин ки вазифаи хешро дар робита ба нигоҳдории шоҳроҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намоем.

 Мустаҳкам намудани заминаи моддӣ – техникӣ тариқи харидории техникаву таҷҳизоти замонавии нигоҳдории роҳ, дар сатҳи хубтар ва сифати баландтар пешниҳод намудани хизматрасониҳо, сайқал додани малакаи кормандон, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, саҳмгузорӣ дар ғановати буҷет аз нақшаҳои имрӯзу ояндаи мо маҳсуб меёбанд.

Дар маҷмуъ тамоми кушиш ба он равона шудааст, ки минбаъд низ  - нигоҳдории роҳи Душанбе  - Чаноқ  сарбаландона, бо интизоми қавӣ, дар заминаи донишу малакаи муосир ва сатҳи хубу сифати баланд иҷро гардад.

 

Нодирҷон Сафаров,

Директори  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив

Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо