АЗ МОҲИЯТИ РОҲ ТО БАРТАРАФСОЗИИ МУШКИЛИ БЕРОҲӢ
Ҷойгоҳи роҳ, бо назардошти моҳият аз азал барои одамон хоса буда, бо такомули инсоният ин раванд афунтар гаштааст. Агар ба мазмун ва шеваи корбурди ин калима таваҷҷуҳ зоҳир намоем, аз вожаи роҳ мафҳумҳое сохта мешуданд, ки пурарзишанду бениҳоят муҳим. Роҳи умед, роҳи мурод, роҳи тақдир, роҳи наҷот ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд. Хусусан дар кишвари мо, ки сарзамини кӯҳистон аст мушкили роҳ солҳои пеш мушкили асосӣ буд. Дар хотир дорем, ки бар асари бенизомию нобасомониҳои солҳои 90 – уми асри ХХ кори нақлиёт, ҳолати роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигар фалаҷ шуда буд. Аксари инфрасохтори нақлиётӣ корношоям гардида, роҳҳои асосии мошингард ҳолати харобу ҳузнангез доштанд. Ба хотири расидан ба Ваҳдату миллӣ ва барқарорсозии иқтисоди кишвар, пеш аз ҳама, таъмини рафтуомад ва робитаи доимӣ зарур буд.
Ҳамон вақт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаи роҳу нақлиёт, даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то ҷиҳати бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад.
Дар ин замина 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Тавре дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ зикр шуд, "Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд". Роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қарасу (300 километр), Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон (170 километр), Хуҷанд – Конибодом (57 километр), Хуҷанд – Ашт (122 километр) ва Балҷувон – Сари Хосор (58 километр) аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд. Ҳоло лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ ва бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр ба маблағи 625 миллион сомонӣ дар водии Рашт амалӣ шуда истодаанд.
Инчунин, татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои Бекобод – Деҳмой, Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Конибодом – Кучкак (52 километр) 635 миллион сомонӣ дар вилояти Суғд, Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара (69 километр) 672 миллион сомонӣ, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт (59 километр) 740 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон идома дорад.
Ҳамзамон бо ин, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шорфдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) ба маблағи 342 миллион сомонӣ идома дорад.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза гирифта, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 41 пул ба анҷом расидааст.
Муҳимтар аз ҳама, тасмим гирифта шудааст, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ – шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ шавад.
Тавре аз Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ доданд, холо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ 2275 корхона фаъолият менамояд, ки аз он 210 корхонаи нақлиёти автомобилӣ, 6-терминали боркашонӣ, 41-терминали мусофирбарӣ, 1947 нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва таъмир, 71 қароргоҳ ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 666 074 адад воситаи нақлиёт (воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 655990, мотосикл 4071, ядакҳо 5167, нимядакҳо 846), аз ҷумла, боркаш — 52 ҳазору 362, мусофирбар — 16 ҳазору 554, сабукрав – 587 ҳазору 074, махсус – 6013 ва мотосикл 4071 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023 64938 адад ё 10,8 фоиз зиёд мебошад. Аз он дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ 54 ҳазору 573 воситаҳои нақлиёт ё тақрибан 10,3 фоиз фаъолият мекунанд.
Масъалаҳои марбут ба роҳ ва нигоҳдории он дар мазкур дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” муқаррар ва танзим шудаанд. Тибқи муқаррароти ин сананди меъёрии ҳуқуқӣ, роҳи автомобилгард – маҷмӯи унсурҳои ба ҳам алоқаманд ва иншооти муҳандисие, ки ҳаракати мунтазаму бехатари автомобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиётро вобаста ба суръат, иқтидори сарборӣ ва андозаҳои муқарраршуда таъмин менамоянд. Роҳҳои автомобилгард вобаста ба таъиноти функсионалӣ ба роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва ғайриумум ҷудо мешаванд. Дар навбати худ рӯи тобеият ба субъектҳо роҳҳои автомобилгард чанд намуд мешаванд. Масалан, роҳҳои автомобилгарди давлатии ҷумҳуриявӣ, роҳҳои автомобилгарди давлатии маҳаллӣ, роҳҳои автомобилгарди хусусӣ, ки ба моликияти шахсони воқеӣву ҳуқуқӣ мансубанд ва роҳҳои автомобилгарди ба консессия супоридашуда.
Табиист, ки нигоҳдории роҳ бо чанд омил, аз ҷумла уҳдадориҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард вобастагӣ дошта, дар сурати сарфи назар шуданаш пайомад ногувор хоҳад буд. Мутаассифона, муносибати баъзе ронандагону мусофирон дида ба хулоса омадан мумкин аст, ки онҳо доир ба уҳдадориҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард маълумоти кофӣ надоранд.
Ҳол он ки тибқи муқаррароти қонунгузорӣ истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард уҳдададоранд, ки роҳҳои автомобилгардро вайрон накунанд ё амалҳои дигареро содир накунанд, ки ба роҳҳои автомобилгард зарар расонда, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон монеъ шаванд. Ифлос накардани муҳити зист ва имконнопазир будани ҳаракати воситаҳои нақлиёти тасмачарх, чарх ва ҷузъҳои дигари таркибӣ дар роҳҳои автомобилгард, ки метавонанд роҳи автомобилгардро вайрон кунанд, идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. роҳ дода намешавад.
Ба ғайр аз ин, соҳибони воситаҳои нақлиёти тасмачарх ва воситаҳои нақлиёте, ки андоза, вазни умумӣ ё сарборӣ ба меҳвари онҳо аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд, зарари ба роҳҳои автомобилгард расонидашударо бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ ё консессиядор ҷуброн менамоянд.
Гузаштагони мо мақому моҳияти бузурги созандагиву пайвандгарии роҳҳоро ба назар гирифта, дар тамоми давру замон барои бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳо саъйу талош варзидаанд, ки «Ҷодаи бузурги Абрешим» намунаи барҷастаи чунин офаридгориҳост. Воқеан роҳҳо на танҳо масофа, балки қалбҳоро ба ҳам наздик месозанд. Ба бахти мо, тоҷикон, бо талошҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даврони соҳибистиқлолӣ раванди созандагиву бунёдкориҳо дар сартосари кишвар вусъати тоза касб карданд.
Дар маҷмӯъ, мо – тоҷику тоҷикистониён ифтихорманд бояд бошем, ки Пешвои миллати мо бунёдгузори роҳҳои воқеивии ободу зебои байналмилалӣ мебошанд, ки барои ояндаи неки ҷаҳону замон ва башар хизмат хоҳанд намуд.