ТАНТАНАИ АДОЛАТ
Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Роҳбари давлат: Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 33-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “дар фазои тантанавӣ баргузор гардидани маросими мукофотсупорӣ худ рамзи эҳтироми роҳбарияти давлат ба хизматҳои шоистаи ҳар як шахс мебошад. Қадрдонӣ кардан бо мукофоти давлатӣ, ҳамчунин, эътирофи фаъолияти пурсамару ибратбахши давлативу ҷамъиятӣ, истеҳсоливу соҳибкорӣ ва эҷодиву фарҳангӣ дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоду фарҳанги миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа мебошад”.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ва талошҳои мардум баҳри пешрафт андешаронӣ карда, бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарфарози мо дар оянда низ саъю талоши худро ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва осоишу оромии ҳар як хонадон дучанд хоҳанд кард.
Баъд аз суханронии Сарвари давлат як гуруҳи калони намояндагони фаъоли ҷомеа, кормандони касбу кори гуногун бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз шуданд.
Аҳли филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорманду сарфарозанд, ки ҳамрадиф бо дигарон директори филиали Ширкат Нодирҷон Сафаров ва менеҷери Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд Мирзоҷалол Олимзода бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ шуданд.
Чунин таваҷҷуҳу арҷгузорӣ масъулияти кормандони “IRS”-ро дучанд намуда, онҳо минбаъд низ барои дар сатҳи хубу сифати иҷро намудани корҳои марбут ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ аз тамоми имконият самаранок истифода хоҳанд кард.