БОЗ ЯК ДАЛЕЛИ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ
Солҳои охир дар олам истеҳсолу истифодаи электромобил тамоюли афзоишро касб карда, ҳатто кишварҳои дорои захираи нефту гази фаровон низ ба ин навъи нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд. Хоса дар шароите, ки коҳишёбии захираҳои нафт ва болоравии арзиши сӯзишворӣ чашмрас аст, бартариҳои электромобил баръало гаштааст. Пайгирии масъала маълум намуд, ки Норвегияе дар ҷаҳон аз зумраи пешсафтарин давлатҳо мебошад, истеҳсолу истифодаи нақлиёти барқиро 60 фоиз афзоиш додааст. Роҳбарияти ин кишвар тасмим дорад, ки то соли 2025 пурра ба электромобил гузаранд.
Дар Германия пешниҳод намудаанд, ки соли 2030 ҳаракати мошинҳои бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо комилан манъ шавад. Британияи Кабир аз соли 2032, Ҳиндустон - 2030 ва Фаронса аз соли 2040 ин нақшаро пурра амалӣ карданианд. Хулоса, истифодаи электромобилҳо на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар аст, балки аз лиҳози экологӣ низ хеле муфид мебошад.
Дар кишвари мо низ масъалаи мазкур мадди назар қарор дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш чунин дастур дода буданд: «Бо мақсади мутобиқсозии иқтисодиёти миллӣ ба тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологии ҷумҳурӣ воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳоро бояд аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод намуд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан фароҳам овардани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави ҷумҳурӣ тадбирҳо андешад».
Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», ки 9 боб иборат аст, идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки барномаи мазкур дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2021) баён гардиданд, таҳия шудааст.
Илова бар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки: «Бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд».
Вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар бетаъхир тадбирандешӣ шуда, ду сол пеш қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия, қабул ҷонибдорӣ гардида, баъд аз имзои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди амал қарор гирифтанд.
Зимни шарҳу тавзеҳи моҳияти ин иқдом масъулин, аз ҷумла гуфтанд, ки муқаррар намудани имтиёзи гумрукии тарифӣ ва андозӣ нисбат ба воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, воридоти воситаҳои нақлиёти барқиро афзун намуда, ба ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат ва истифодаи васеи манбаъҳои дигари энергияи барқароршаванда, ки дар кишвар тавлидкунандаи чунин навъи энергияи тоза, асосан, неругоҳҳои барқи обӣ ба ҳисоб мераванд, мусоидат хоҳад намуд.
Инчунин, зиёд гардидани воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда ва дар ин замина кам гардидани истифодаи воситаҳои нақлиёти дорои муҳаррики дарунсӯз, яъне бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда, ба кам гардидани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, бахусус дуоксиди карбон (СО2), ки аз созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Созишномаи Париж ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим бармеоянд, боис хоҳад шуд.
Илова бар ин, дар шароити болоравии арзиши сӯзишворӣ ва мушоҳида гардидани раванди зудтағйирёбии нархҳои сӯзишворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, бештар намудани истифодаи воситаҳои нақлиёти барқӣ дар мамлакат муҳим арзёбӣ буда, ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад намуд.
Ҳадафи асосии иқдоми навбатии филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси шартномаи конссесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оператор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи Душанбе - Чаноқ маҳсуб мешавад, саҳмгузорӣ дар татбиқи ин ташаббуси созанда мебошад.
Мавриди ёдоварист, ки чанд пеш дар дар воситаҳои ахбори омма ронандагони ин намуди автомобил аз набудани нуқтаҳои нерудиҳии электромобил дар роҳи Душанбе – Чаноқ нигаронӣ карда буданд. Масъулини “IRS”, ки мунтазам ба дилхоҳ муроҷиат, эрод ва пешниҳоди ба роҳи Душанбе – Чаноқ рабтдошта сари вақт вокуниш менамоянд, ба ин масъала низ бетафовутӣ зоҳир накарданд.
Бинобар ин, “IRS” дар масири Душанбе – Чаноқ 6 нуқтаи нерудиҳии электромобилро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Нуқтаҳои мазкур дар километрҳои 11, 15 (ноҳияи Варзоб), 107, 130 (ноҳияи Айнӣ), 284 (ноҳияи Ҷаббор Расулов), 300 (шаҳри Хуҷанд) ва 322 -юм (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ҷойгир буда, дар онҳо барои неругирии автомобилҳо тамоми шароит фароҳам хоҳад шуд.
Масоҳати нуқтаҳои нерудиҳии электромобилҳо низ васеъ буда, барои фаъолияти пурмаҳсул 60 адад таҷҳизоти нерудиҳӣ бо иқтидори 180 киловат ҳар кадом ворид шудааст. Таҷҳизоти мазкур аз ширкати муътабари Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дар истеҳсоли чунин таҷҳизот таҷриба ва маъруфияташ бениҳоят зиёд аст, дастрас шуда, ба стандарти маъмули GB/N ва стандарти аврупоии CCS2 пурра ҷавобгӯ аст.
Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки дар нуқтаҳои мазкур технологияи пешрафтаи пархохти ҳаққи истифодаи неруи барқ ва ҳисобкунакҳои электронии низоми CТ – VТ насбу истифода мешаванд. Фарқияту афзалияти технологияи зикршуда дар он зоҳир мегардад, ки дақиқияти истифодаи неруи барқ таъмин ва талафоти он пешгирӣ мегардад. Шоистаи зикр аст, ки чунин технология дар кишвар назир надошта, аввалин маротиба аз ҷониби “IRS” роҳандозӣ хоҳад гашт. Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур интиҳои кор набуда, роҳбарияти “IRS” тасмим доранд, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳое, ки роҳи Душанбе – Чаноқ аз онҳо мегузарад чунин нуқтаҳоро ба истифодаи сокинон вогузоранд.
Пардохти маблағи нерудиҳии автомобил низ хеле қулай ва бо назардошти муқаррароти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ҷорӣ хоҳад гашт. Пардохти маблағи зикршуда тавассути qr –код аз тариқи spitamenpay (замимаи яке аз бонкҳои пешсафи мамлакат) ва замимабарномаи филиали Ширкат - Irs UltraEvs имконпазир аст. Ба ғайр аз ин шаҳрвандон метавонанд аз нуқтаи зикршуда кортҳои амалисозии пешпардохтро дастрас намуда, онро мунтазам (дар заминаи пур намудани суратҳисоб) истифода намоянд.
Чунин тарзи кор дар баробари дигар омилҳои мусбат, ҳамчунин, шаффофият ва пешгирии истифодаи ғайримақсадноки пули истифодаи неруи барқро таъмин менамояд. Яъне пардохти маблағ бидуни дахолати инсонӣ сурат гирифта, бевоситаву фавран ба суратҳисоби ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” интиқол мешавад.
Муҳим он аст, ки фаъолияти нуқтаҳои мавриди назар хатҳои барқи барқ ва трансформаторҳои истифодаи умум сарборӣ эҷод намекунанд. Ба ибораи дигар, барои пешбурди фаъолияти нуқтаҳои зикршуда трасформатор ва хати интиқоли барқи ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд истифода нашуда, аз ҷониби “IRS” хати алоҳида интиқоли барқ кашида, трасформаторҳои замонавии пуриқтидор насб хоҳанд шуд. Табиист, ки ин кор хароҷоти зиёд дорад, вале роҳбарияти “IRS” барои дар сатҳи хубу сифати баланд ва бо рияои талаботи бехатароӣ роҳандозӣ шудани фаъоляти нуқтаҳои нерудиҳӣ чунин тасмим гирифт.
Дар ҳар як нуқтаи хизматрасонӣ аз 5 то 10 таҷҳизоти нерудиҳӣ насб мешавад, ки ҳар кадом бо ду хати нерудиҳӣ метавонад дар як вақт то 20 электромобилро бо неруи барқ таъмин намоянд. Қобили зикр аст, ки ин нуқтаҳо хатҳои уфуқӣ, камераҳои мушоҳидавӣ ва бунгоҳи назоратӣ дорад. Инфрасохтори таъсисдодаи “IRS” дар баробари дигар бартариҳо дорои сатҳи баланди хизматрасонӣ буда, воситаҳои нақлиёти барқӣ имкон доранд аз як тарафи роҳ ба нуқтаи хизматрасонӣ ворид ва хориҷ шаванд.
Дар маҷмуъ, иқдоми мазкур бо як далели масъулиятшиносии “IRS” буда, шаҳодати он аст, ки роҳи Душанбе – Чаноқ нигоҳбони ба маънои том боэътимод дорад.