АЗ ФАҲМОНДАДИҲӢ ТО ТАЪСИСИ НУҚТАҲОИ ВАЗНЧЕНКУНӢ

 

 

 

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  мутобиқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд» назоратро дар самти  танзими ҳаракати  воситаҳои нақлиёти гаронвазн пурзӯр намуд.

Тибқи иттилои аз вазорати мазкур дастрасшуда 1 июли соли 2024  вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ ба масъулин супориш додааст, ки барои пурра аз байн бурдани ҳаракати автомобилҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард тадбирҳои катъӣ ва амалӣ андешида,  дар ин бора ҳар ҳафта гузориш пешниҳод намоянд. 

-Дар кишвар ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор интиқол медиҳанд, манъ аст, -таъкид кардааст Азим Иброҳим. Ҳадафи асосии пурзӯр кардани назорат на барои ҷазо дар шакли ҷарима, балки таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард арзёбӣ гардид.

Дар робита ба ин иқдоми Вазорати нақлиёт бамаврид аст аз корҳои дар ин самт амалинамудаи IRS ёдовар шавем. Қобили зикр аст, ки роҳбарияти IRS хеле пештар барои пешгирии  аз меъёр зиёд бор гирифтани ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн  тадбирандеширо оғоз карда буд.  Зеро сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали Ширкат, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн риоя нагардидани талаботи мавҷуда, аз ҷумла қоидаҳои ҳамлу нақли молу маҳсулот вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд омада истодааст. Дар ин масир садҳо километр роҳ осеби ҷиддӣ дида, IRS чунин минтақаҳоро ҳамасола таъмири куллӣ ва ҷорӣ менамояд. Бинобар ин, дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд, зеро беҳтарин васила баҳри рафъи мушкилот маҳз ҳамин усул аст. Мутаассифона, бо вуҷуди густурда будани корҳои фаҳмондадиҳӣ, на ҳама ронандагон муҳимияти масъалаи мавриди назарро дарк намуданд.

Дар идома нуқтаҳои вазнченкунӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазанд, фаъол гардиданд. Бартариҳои нуқтаҳои вазнченкунии марбут ба IRS зиёд буда, бо мақсади ба вуҷуд наомадани ҷамъшавии шумораи зиёди воситаҳои нақлиёт, аз ҳар ду ҷониб баркашидани воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст. Чунин тарзи кор шароит фароҳам меорад, ки барои муайян намудани вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои вазнченкунии нав вақти зиёд сарф нашавад. Илова бар ин, дар нуқтаҳои зикршуда пардохти ғайринақдӣ ва корпоративӣ имконпазир буда, ин омил аз лиҳози моҳият қобили мулоҳиза ва муҳиму саривақтист.

Роҳбарияти IRS  ҳамон вақт таъкид карда буданд, ки андешаҳо дар бобати он ки нуқтаҳои мазкур ба хотири ҷамъоварии иловагии маблағ таъсис ёфтаанд, беасос буда, IRS ба ҳеҷ ваҷҳ манфиатдор нест, ки ронандагон аз меъёр зиёд бор гиранд. Зеро хароҷот дар робита ба таъмири роҳ аз маблағе, ки дар нуқтаҳои вазнченкунӣ ҷамъоварӣ мешаванд, бамаротиб зиёд аст. Моҳиятан таъсиси нуқтаҳои вазнченкунӣ таъсиррасонӣ маҳсуб шуда, ҳадафи роҳбарияти IRS ба ин васила аз байн бурдани қонуншиканӣ - бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт аст.         Қобили зикр аст, ки мутобиқи моддаи 311 Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои вайрон кардани қоидаҳои интиқоли борҳои хатарнок, калонҳаҷм, вазнин, маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва фишор ба  меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ аз ҷониби ронандагон аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  муқаррар карда шуддааст.  Барои мошинҳое, ки борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва вазнинро бе иҷозати дахлдор ва аломатҳои шартӣ интиқол медиҳанд,   барои шахсони мансабдор аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст. Интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнин бидуни сертификати воситаҳои нақлиёт, ба шахсони воқеӣ аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз яксаду бист то саду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Масъулини IRS аз он ки роҳбарияти Вазорати нақлиёт ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри рафъи мушкил азми қавӣ доранд, қаноатманд буда, аз ронандагон даъват ба амал меоранд, ки  моҳияти ин иқдомро дуруст дарк ва талаботи ҷоришударо риоя намоянд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо