ХАРҶИ 30 ҲАЗОР ТОННА АСФАЛТ
Шояд баъзеҳо надонанд, ки аз аввали фаъолият «IRS», ки баъзе «дӯстон» рисолати филиали онро танҳо «пулчинӣ» медонанд, таъмири куллӣ ва ҷории роҳро шурӯъ карда, дар муддати 15 сол зиёда аз 2,5 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад қариб 400 ҳазор тонна асфалт сарф кардааст.
Омили мазкур ба он вобаста аст, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳубини 24 соатро тақозо дошта, дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он пайомад ногувор хоҳад буд. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири роҳ махсусияти худро дорад, ки дар мавсими муайян амалӣ намудани ин кор яке онҳост. Аз ин лиҳоз бо фарорасии мавсими гармо ин раванд шурӯъ гардида, дар ин замина нуқсонҳои роҳи зикршуда бартараф мешаванд.
Имсол низ чун солҳои қаблӣ муносибати масъулини филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро шудани ин кор ҷиддӣ буда, корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва техникаҳои барои таъмир махсусгардонидашуда баъд аз таъмиру навсозӣ, барои пешбурди фаъолият пурра омодаанд.
Қобили зикр аст, ки қаблан дар масире, ки роҳи Душанбе – Чаноқ ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарур вуҷуд надошт. Бо ибтикори «IRS» тӯли 15 сол дар минтақаи Варзоб 3 завод, Зарафшон - 3, Суғд - 4 , дар маҷмӯъ, 10 корхона мавриди истифода қарор гирифтанд.
Чанде пеш мавсими нави таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе - Чаноқ оғоз гардида дар назар аст, ки соли равон барои ин кор зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт харҷ шавад. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, садҳо километр таъмири ҷорӣ ва даҳҳо километр роҳ таьмири куллӣ хоҳад шуд. Лозим ба ёдоварист, ки солҳои қаблӣ бо ин мақсад ҳамсола аз 25000 то 54000 асфалт харҷ шудааст.