ПАЙОМАДИ  ОФАТИ ТАБИӢ ВА АЗМИ ҚАВИИ АҲЛИ   “IRS”

 

Тавре  ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, рӯзҳои охир дар кишвар, хоса масири Душанбе – Чаноқ бориши пуршиддати борон боиси омадани сел, лағзиши кӯҳпора, фуруравии роҳ  ва сангфароӣ гардид.

Пайомади офати табиӣ, махсусан дар минтақаҳои Варзобу Зарафшон ногувор буда, барои бетаъхир бартараф намудани онҳо кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имконияти мавҷуда самаранок истифода намуданд. Бо назардошти ҳолати мазкур, теъдоди зарурии техникаҳои “IRS”  ба макони аз офати мазкур  зарардида  сафарбар шуда, рафъ намудани оқибатҳои офати табиӣ зери назорати ҷиддии директори филиали Ширкат қарор дошт. Ба шарофати тадбирандешии бетаъхир дар муддати нисбатан кутоҳ вазъ ба эътидол оварда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт  аз ҳар ду ҷониб барқарор гардид. Хушбахтона, дар натиҷаи ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ  ва моддӣ  набуд.

 Омили дигаре, ки  месазад махсус таъкид кард, аз ҷониби “IRS”  ба ронандагону мусофирон  бетаъхир расонидани кумак буд. Ин омил шаҳодати он аст, ки роҳбарияти ин ширкат ба арзишҳои инсонӣ таври хоса арҷ мегузоранд.

Матолиби дар расонаҳо нашршуда ва ибрози андеша тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун “IRS” роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. 

 Ҳамрадиф бо ин, ҳастанд  нафароне, ки аз набудани роҳи ба истилоҳ "алтернативӣ " нигаронанд. Ин ашхос шояд намедонанд, ки  дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр сохтани  роҳи ба истилоҳ "алтернативӣ " мантиқан ва моҳиятан зери суол аст. Дар он сурат барои мавҷудияти роҳи пулакӣ чӣ зарурат мемонад?

Сониян, бунёди роҳи алтернативӣ, хоса дар масири Душанбе - Чанок, ки аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон мегузарад, кори саҳлу сода нест. Аз ҷониби дигар, нигоҳдории роҳи “алтернативӣ” низ хароҷоти қобили мулоҳиза дошта, сарбории масрафи маблағи буҷетро зиёдтар менамояд. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои Буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла, пардохти қарз, амалӣ шудааст. Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии Давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи бахши хусусӣ вогузор гардид.

  Хурсандиовар аст, ки вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки зимни сафар аз тариқи роҳи Душанбе – Чанок сипоси хешро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ  ва сомонаи  филиали Ширкат ба роҳбарият ва кормандони IRS барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали Ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.

  Шоистаи зикр аст, ки фаъолияти асосии ширкат на дар плазаҳои толлингӣ (ҳамон тавре, ки баъзе “дӯстон” мепиндоранд),  балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза  садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба бо кумаки техникаи махсусгардонида ба тозакунии роҳ аз барф, коркарди он бо маводи зиддилағжиш, бартарафсозии тармаҳо, таъмири куллӣ ва ҷорӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, нигоҳдории 36 пул ва ғайра  машғул буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳаракати муназзаму бехатари нақлиёт таъмин бошад.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар натиҷаи  чунин офатҳои табиӣ, ки чанд соли охир рух медиҳанд, даҳҳо  километр роҳи Душанбе – Чаноқ  осеб дида, зарурати  таъмири куллии масофаи зиёди он ба миён омадааст. Ба ибораи дигар, дар аксар қитъаҳои осебдида роҳ бояд аз нав сохта шавад.  Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар аз ин, роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ маҳсуб мешавад. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарини роҳ пайи рафъи он чораҳои  фаврӣ андешида мешавад. Доираи фаъолият дар ин самт хеле васеъ буда, ҳамасола қариб 60 ҳазор тонна асфалт харҷ мешавад. Муҳимтар аз ҳама, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, даҳ корхонаи истеҳсолии марбут ба филиали Ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.

Дар маҷмӯъ офатҳои табиии рӯзҳои охир бори дигар собит намуданд, ки “IRS”  баҳри нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ тавонманд буда, дар муддати кӯтоҳ пайомади  офатҳои мавриди назар низ рафъ хоҳад шуд.  

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо