НАМУНАИ ИБРАТ

 

 

Нуктае, ки дар доираи ин матлаб мехоҳем ба он рўшанӣ андозем, ин танҳо хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «кашфиёт»-и филиали Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» набудани истифодаи  роҳҳо бо пардохти маблағи муайян  маҳсуб меёбад. Зеро як идда ба ном коршиносони мустақил  дар ин мавзўъ аксар маврид бе  истинод ба далелҳои асоснок андешаронӣ менамоянд. Аз чунин «хулоса»-и  бармеояд, ки гўё роҳи пулакӣ танҳо хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «кашфиёт»-и “IRS” бошад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, овардани чанд далелиро бамаврид медонем:  

  Дар Қазоқистон  айни замон 5000 километр роҳ пулакӣ аст. Дар ин бора зимни суханронӣ дар конфронси илмӣ  - амалӣ таҳти унвони "Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди роҳҳои автомобилгарди ИДМ ", ки дар Донишгоҳи давлатии техникии роҳу нақлиёти Москва доир гардида буд,  Роҳдорӣ фахрии ИДМ, мушовири Ассотсиатсияи роҳдорони Қазоқистон,  номзади илмҳои техникӣ  Улан Токторбоевич Алипов иттилоъ дод.

   Иқдоми мазкур натиҷаи хуб дода,  дар назар аст, ки то соли 2025 масофаи роҳҳои пулакӣ дар Қазоқистон ба 11000 километр расонида шавад.  Бино ба гуфти номбурда,  пулакӣ кардани роҳ дар Қазоқистон аз соли 2013 оғоз гардида,  ба  ин раванд ширкатҳои муштараки франсузӣ ва тайванӣ ҷалб шуданд.

Нигоҳдории роҳи пулакӣ дар ин кишвар асосан ба зиммаи ширкати КазАвтоЖол вогузор буда,  дар давоми солҳои охир пардохти ғайринақдӣ барои истифодаи роҳ хеле тавсеа ёфт.

То соли 2026 дар Ӯзбекистон се шоҳроҳ  -Тошкент - Андиҷон, Тошкент — Самарқанд ва Самарканд — Шахрисабз  пулакӣ мегарданд. Дар ин кишвар корҳо дар самти ҷорӣ намудани истифодаи роҳ бо пардохти маблағ соли 2018 оғоз гардида, дар назар аст, ки ҳатто қонуни алоҳидаи танзимкунандаи ин раванд қабул гардад.

Хеле пештар дар парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Оид ба роҳҳои автомобилгард» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Дар ин бора нашрияи «24.Кg» нигоштааст. Муҳимият ва ҷолибияти қонуни мавриди назар дар он зоҳир мегардад, ки тибқи тағийиру иловаҳои воридмегардида, минбаъд дар Қиғизистон ба иҷора додани роҳҳо роиҷ мегардад. Вазири нақлиёт ва роҳҳои ин кишвар зимни шарҳи масъалаи мазкур гуфтааст, ки дар навбати аввал роҳи Бишкек – Чалдовар ва дар марҳилаи дувум роҳи ноҳияи Узгени ин кишвар ба иҷора дода шуда, ин раванд минбаъд тавсеа хоҳад ёфт.

Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро мисол овардани мо  рамзу ҳикмат дорад. Зеро онҳо кишварҳои ҳамҷавор маҳсуб ёфта, бо Ҷумҳурии Тоҷикистон умумияти зиёд дорад. Аз ҷониби дигар, агар мо кишварҳои хориҷи дурро интихоб мекардем зери борони маломати баъзе «бузургон»  мемондем, ки муқоисаи Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафта, аз ҷумла мамлакатҳои Аврупо ҷоиз нест.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш аз ҷониби Форуми байналмилалии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазирии глобалии 137 кишвари олам гузаронида шуд.  Дар ин зимн, ҳамрадиф бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ҳолати роҳҳо ва инфрасохтори онҳо низ баҳогузорӣ гардид. Боиси ифтихор аст, ки дар ин рейтинг Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоистаро соҳиб шуд.  Аз Осиёи Марказӣ кишвари мо дар мақоми 70-ум қарор гирифта,  ба Қазоқистон ва  Қирғизистон  мутаносибан ҷойҳои 115 ва  122-юмро сазовор донистанд.

Пайравӣ намудани дигар кишварҳо ба  таҷрибаи мазкур далели он аст, ки  он аст, ки чунин тарзи кор натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Мо ин равандро дар мисоли  фаъолияти пурмаҳсули “IRS” мушоҳида намуда истодаем.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо