ҚИЁС МЕБОЯД, ТО ХУЛОСА МУНСИФОНА  БОШАД

 

 

Роҳи Душанбе-Чаноқ, ки замоне мушилгузару хатарнок буд ва имрӯз шоҳроҳест, ки тамоми фасли сол маркази ҷумҳуриро ба шимоли кишвар пайванд месозад. Ин роҳ дар даврони истиқлолият бозсозӣ ва бисёр қитъаҳояш аз нав сохта шуд. 15 сол қабл ба хотири дар чор фасли сол дар ҳоли хуб нигоҳ доштани роҳ нигоҳдории он ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.

Қабл аз ҳама бояд дарк кард, ки мавқеи ҷойгиршавии роҳ нигоҳубини бистучаҳорсоатаро тақозо месозад. Каме беэътиноӣ ба нигоҳдории роҳ метавонад мушкил болои мушкил эҷод кунад ва бехатарии наќлиёту мусофиронро зери суол барад. Аз ин рӯ,  коргарони ширкат дар чор фасли сол соате бекор намемонанд. Онҳо тирамоҳу зимистон мунтазам ба тоза кардани барфу бартараф сохтани тармаҳо машѓуланд. Баҳору тобистон бошад, ба таҷдиду таъмири роҳ, бартараф сохтани паёмади бориши борону омадани сел, соҳилмустаҳкамкунӣ ва лағшиши кӯҳпораҳо машғул мегарданд. Илова бар ин, автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол дода, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир карда, ба ронандагону мусофирон ғизо тақсим менамоянд. Дар баробари тоза нигоҳ доштани роҳ Ширкат, ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ мерасонанд.  Ашхоси зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ эътироф карданд, ки ба чунин ҳолат мувоҷеҳ шудаанд.  Ҳангоме ба «IRS» Тоҷикистон муроҷиат намуданд,  бо дарки масъулият ва муносибати самимона автомобили онҳоро то макони зарурӣ интиқол доданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин корро ҳар сол кормандони Ширкат садҳо маротиба иҷро мекунанд.

 Кор кардан, ҷоеро обод намудан, дасти мадад ба дигарон дароз сохтан ба гуфтан осон аст. Ифтихормандем, ки теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе – Чанок арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкат барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали Ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.Қаноатмандии шаҳрвандон асосан ба суръати баланди таъмиру таҷдиди роҳ, бетаъхир бартараф гардидани тармаҳо, мунтазам коркард шудани роҳ бо маводи зиддилағжиш ва ғайра рабт дорад. Дар баробари омилҳои зикршуда, мардум аз зебову назаррабо будани роҳ, ки ба шарофати хатҳои уфуқӣ имконпазир гардидааст, изҳори қаноатмандӣ мекунанд.  Мутаассифона, ҳастанд ашхосе, ки  то ҳанӯз моҳияти фаъолияти филиали Ширкатро дарк накардаанд.  Фаромӯш кардаанд, ки қаблан ронандагону мусофирон дар ин масир бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мешуданд,  роҳ  ҳамасола 7 моҳ баста буд. Мебояд ҳолати кунуниро бо солҳои пеш қиёс намоем, то хулосаи мунсифона ҳосил гардад. Бориши пуршиддати барф ва тармафароии рӯзҳои  ахир дар  роҳи мошингарди Душанбе -Чанок    барои ширкати «IRS»   санҷиши ҷиддӣ буд, ки роҳбарият ва кормандонаш  сарбаландона аз он гузаштанд. Имсол ҳарчанд дар водиҳо барф нисбатан камтар аст, вале дар минтақаҳое, ки роҳи зикршуда аз онҳо мегузарад, бориши барф пуршиддату давомдор  ва тармафароӣ  зиёд буд. Ин тамоюл дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Шаҳристон бештар буда, кормандони “IRS” рӯзҳои 9 -10 марти соли равон  21 тармаи хурду калонро бетаъхир бартараф карданд. Кӯҳистон табиати хоси худро дорад. Кӯҳҳои сарбаланду саркаш, рӯдхонаҳои пуртўғён ҳамеша хатаре эљод мекунанд. Гоҳе ягон қитъаи роњро сел хароб мекунад, гоҳи дигар дар натиҷаи лағшиши кӯҳпорае роњ банд мешавад, ҳамчунин дар натиҷаи фурӯ рафтани замин ҷода аз кор мебарояд. Бартараф кардани ҳамаи ин, пешгирӣ кардани хатарҳо ва таъмин намудани ҳаракати нақлиёт дар чор фасли сол кори осон нест. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки аз ибтидои фаъолияти «IRS» дар ин роҳ 15 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе - Чаноқро азнавсозӣ шуда, 280595 тонна асфалт сарф гардидааст. Роҳи Душанбе - Чаноқ масирест, ки ҳамеша бо офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад. Мубориза бо ин офатҳо ва бартараф кардани зарари онҳо қувваи кориву хароҷоти зиёдро талаб менамояд. «IRS» пайомади офатҳои табииро бетаъхир бартараф  ва мунтазам роҳро таъмиру таҷдид кара истодааст. Масалан, дар давоми 15 сол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пайваста идома дошта, ба 61 180 метри мураббаъ баробар гардид. Дар шароити кӯҳистон барои роҳ маводи зиддилағзиш ниҳоят муҳим аст. Истифодаи ин мавод барои ҳифзи саломати мусофирону нақлиёт амри зарурист. Аз ин ҷост, ки сол ба сол хароҷоти он  сол то сол тамоюли афзоишро касб кардааст. Барои анҷом додани корҳое, ки зикр шуд ниёз ба техникаву технологияи навин аст. Ширкати «IRS» дорои пойгоҳи пурқуввати техники буда, техникаву механизмҳои он ба 218 адад расид. Аммо ин шумораи ниҳоӣ нест. Барои кори босифат ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ «IRS» дар оянда низ техникаву технологияҳои навтаринро харидорї менамояд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо