Дӯстони бениҳоят гиромӣ!

 

Бо арзи эҳтиром шуморо бо иди саиди Фитр табрик гуфта, тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат орзу менамоям.

Мо бояд шукргузор бошем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона, бунёдкорона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди саиди Фитр ва дигар оину суннатҳои миллиамонро дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил менамоем.

Агар моҳияти онро мухтасар бозгӯӣ намоем, Рамазон моҳи қаробату рафоқати инсонҳо ва тавсеаи муқаддасоти ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ мебошад.

Қарзи виҷдон ва рисолати инсонии ҳар як шахс аст, ки бо сармашқи кор қарор додани муқаррароти дини мубини ислом барои анҷоми амалҳои нек, хоса дастгирии ниёзмандон  иқдом намояд.

  Агар дар ин самт фаъол бошем, метавонем дар пешрафти сарзамини биҳиштосоямон беш аз пеш саҳмгузор бошем. Дар ин ҷода бароятон иродаи хастагинопазир  ва комёбӣ орзумандам!

 

Бо эҳтиром

Нодирҷон Сафаров, директори филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо