РОДМАРДОНИ ВАТАН!

 

Бо арзи эҳтиром шуморо бо 31 –уми солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, тансиҳатӣ, саодати бардавоми  рӯзгор ва дар иҷрои рисолат барору комёбӣ орзумандам.

 Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони нав, хусусан дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа, танҳо бо доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муташаккилу тавоно ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаи пешрафтаи ҳарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, хизматчиёни ҳарбии ватандӯсту ватанпараст, далеру ҷасур ва содиқ ба давлат ва халқи Тоҷикистон имконпазир мебошад.

Дар робита ба ин Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Вазъи бисёр мураккабу ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақозо менамоянд, ки барои пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд».

 Мо, тоҷику тоҷикистониён ифтихормандем, ки Артиши миллии 31 сол қабл таъсисдодаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз ба як сохтори неруманду пешрафта табдил ёфта, ба сифати сипари боътимод моро аз ҳар гуна хавфу хатар эмин нигоҳ медорад.

Ҷашн муборак!

 

   Нодирҷон Сафаров,

директори филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо