РОҲКУШОӢ - ҚАҲРАМОНӢ ҲАСТ БЕ ЧУНУ ЧАРО

 

Бемуболиға метавон гуфт, ки дар давоми фаъолият роҳбарият ва кормандони “IRS”, ки дар  асоси шартномаи конссесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ  ба зиммаашон вогузор гардидааст, рисолати хешро  бо масъулияти баланд иҷро карда, дар ин раванд  ба маънои том  кордониву масъулиятшиносӣ зоҳир карда истодаанд. Бориши  пуршиддату давомдори барф ва тармафароии бениҳоят зиёди солҳои қаблӣ  дар роҳи Душанбе – Чаноқ бори дигар кордониву ҷасорат ва масъулиятшиносии  роҳбарияту  кормандони “IRS”-ро   ба маъраз гузошта буд.

Имсол низ ҳарчанд дар водиҳо барф нисбатан камтар аст, вале дар минтақаҳое, ки роҳи зикршуда аз онҳо мегузарад, бориши барф пуршиддату давомдор  ва тармафароӣ  зиёд буд. Хоса, дар минтақаи Варзоб, Зарафшон ва Шаҳристон чунин ҳолат бештар буд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар мавсими кормандони “IRS” зиёда аз 43 тармаи хурду калонро бетаъхир бартараф карданд.

  Шаҳрвандон бояд дарк намоянд, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳубини 24 соатро талаб намуда, дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он пайомад ногувор хоҳад буд.

   Шоҳид ҳастем, ки дар мавсими сармо кормандони “IRS” шабонарӯзӣ роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард, ҳазорҳо тармаро бетаъхир бартараф месозанд, автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол медиҳанд, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир карда, ба ронандагону мусофирон ғизо тақсим мекунанд.

   Бо фаро расидани гармо сарбории кормандони он зиёдтар шуда, таъмири куллӣ ва ҷории роҳ (зиёда аз 2 миллион метри квадратӣ таъмир  гардида, бо ин мақсад қариб 300000  тонна асфалт сарф шуд), нигоҳдории  36 пул (ин кор низ бо харҷи ниҳоят зиёд амалӣ гардида, 3 пули калон  пурра азнавсозӣ шуд), тоза намудани ҷӯйборҳои канори роҳ, насби аломатҳои он, соҳилмустаҳкунӣ, бунёди пойдеворҳо, кашидани хатҳои уфуқӣ ва дигар корҳои марбут ба нигоҳдории роҳи Душанебе – Чаноқ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ва ҷалби мутахассисони болаёқат амалӣ шуда истодааст.

   Лозим ба ёдоварист, ки ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе - Чаноқ аз рӯи лоиҳа деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) вуҷуд надоштанд ва аз ин лиҳоз сохта нашуд. «IRS» бо ташаббуси худ, баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 16000 метри тӯлонӣ чунин деворҳоро бунёд кард, ки то ин вақт чандин ҳамватанонамонро аз марг наҷот додааст.

   Дар масире, ки роҳи Душанбе – Чаноқ ҷойгир аст, ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарур вуҷуд надошт. Тӯли  солҳои фаъолият  дар минтақаи Варзоб 3 корхона, Зарафшон 3, Суғд 4 завод, дар маҷмӯъ, 10 корхона мавриди истифода қарор гирифтанд.

  Ҳоло «IRS» соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳои он  ба 218 адад расидааст. Дар оянда зиёд намудани он мадди назар аст, зеро бе техникаву механизмҳои муосир, тибқи талабот, роҳандозӣ намудани фаъолият ғайримимкон аст.

  Метавон гуфт, ки кормандони ғаюри «IRS” аз бисёр имтиҳону озмоишҳо бо сари баланд гузашта, вазифаи худро бошарафона иҷро карда истодаанд. Ҳоло дар филиали Ширкат  872 нафар фаъолият дошта, дар маҷмӯъ, зиёда аз 5000 нафар ба шарофати мавҷудияти филиали Ширкат манбаи даромад доранд. Мутаассифона, дар ин раванд 10 корманди ширкати мазкур ҷони худро аз даст доданд.

   Рӯз то рӯз болотар рафтани мақому манзалати филиали Ширкат ва тамоюли афзоишро касб намудани маҳбубияти он миёни мардум, пеш аз ҳама, натиҷаи ҳамин ҷонфидоиҳост 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо