АЗ ВАЙРОНШАВӢ ЭМИН НИГОҲ ДОШТАНИ РОҲ, ПЕШГИРИИ САДАМАҲО ВА АЗ БАЙН БУРДАНИ ҚОНУНШИКАНӢ
Мақсад аз бознигарии категорияи автообилҳои тамғаи Мерседес спринтер ва амсоли он ҳангоми ҳаракат дар рҳи Душанбе – Чаноқ ҳамин аст
Солҳои охир автомобилҳои тамғаи “Мерседес спринтер” ва ба он монанд дар роҳҳои кишвар баробари мусофиркашӣ, барои интиқоли молу маҳсулот суиистифода шуда истодаанд. Ҳарчанд аксари ин автомобилҳо тибқи муқаррароти ҳуҷҷати истеҳсол ба гурӯҳи мошинҳои боркаш шомиланд, вале ҳангоми ҳаракат ҳамчун автомобилҳои сабукрав (категорияи1-ум) ба қайд гирифта мешаванд. Тибқи талаботи мавҷуда, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдор тасдиқ шудааст, автомобилҳои намуди миёна бо меъёри борбардории аз 2- то 7 тонна ҳангоми убури плазаҳои толлингӣ бояд ҳамчун воситаҳои нақлиёти категорияи 2- юм ба қайд гирифта шаванд.
Таҳлилу мушоҳидаҳо гувоҳи онанд, ки солҳои охир ин намуди автомобилҳо, бо сарфи назар намудани қоидаҳои ҳамлу нақл барои интиқоли молу маҳсулот хеле зиёд сафарабар мешаванд. Илова бар ин, рух додани садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки “Мерседес спринтер”-ҳо зиёд аст, ки сабабаш ба назар нагирифтани талаботи мавҷуда, хоса дар мавриди интиқоли молу маҳсулот мебошад.
Аз ҷониби дигар, дар заминаи суиистифодаи ин намуди автомобилҳо таъсири манфӣ ба ҳолати роҳ тамоюли афзоишро касб кардааст. Мутахассисон собит кардааанд, ки таъсири харобиовари “Мерседес спринтер”-и «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» -ро риоянамекарда ба асфалт дар қиёс ба автомобиле, ки тибқи меъёр бор гирифтааст, ба маротиб бештар аст.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим низ дар ҷаласаи назоратӣ бо иштироки роҳбарони воҳидҳои дахлдор ва муассисаҳои зертобеи вазорат аз ин раванд нигаронӣ намуда, таъкид карда буд, ки “аммо ин ки мошинҳои боркаш аз меъёри муқарраршуда зиёд бор гирифта, роҳҳо ва пулҳоро вайрон менамоянд ва ба давлат зарари калон мерасонанд, таҳаммулнопазир аст”.
Омилҳои зикршуда боис гардиданд, ки аз ҷониби филиали Ширкат категорияи “Мерседес спринтер” ва амсоли он бознигарӣ шавад. Таъкид менамоем, ки ин ибтикор ба “Мерседес спринтер” ва ҳамингуна автомобилҳое, ки барои боркашӣ истифода мешаванд дахл дорад. Барои автомобилҳои ин тамға, ки ба мусофиркашӣ машғуланд таҳфиф пешниҳод шудааст. Вобаста масъалаи мазкур бо масъулини ҷамъиятҳои мусофиркашӣ суҳбату мулоқот доир гардида, моҳияти иқдом шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар ин робита бамаврид аст ёдовар шавем, ки тибқи муқаррароти шартномаи консесионӣ, филиали Ширкат метавонад ҳамасола индексатсияи тарифҳоро амалӣ намояд. Муҳим он аст, ки дар давоми се соли охир, бо вуҷуди ба миён омадани зарурат, масъулин аз ин амал худдорӣ карданд.
Дар маҷмӯъ, аз категорияи 1-ум ва 2-юм гузаронидани онҳо ҳаракат дар роҳи Душанбе Чаноқ усули таъсиррасонӣ маҳсуб шуда, ҳадафи роҳбарияти “IRS” ба ин васила эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайронашавӣ, пешгирии садамаҳо ва аз байн бурдани қонуншиканӣ (бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт) аст.
Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур ба иҷрои «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» марбут буда, риояи муқаррароти қоидаҳои зикршуда аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт, новобаста аз шакли моликият, ҳатмӣ мебошад
Итминонамон комил аст, ки мусофирону ронандагон моҳияти ин иқдомро дуруст дарк намуда, талаботи ҷоримешударо риоя хоҳанд кард.